Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хушбин бошед. Зиндагиятонро тағйир бидиҳед"


Ҳар шом дар роҳ ба сӯи хона ҷавонмарди маълулеро ҳамроҳ бо писари хурдсолаш вомехӯрам, ки бо умеди тангае даст ба сӯи роҳгузарон дароз мекунад.

Мирзомуроди 32-сола мегӯяд, ихтисосе надорад ва танҳо бо талбандагӣ рӯзии худу 3 фарзандашро пеш мебарад. Ба гуфтаи ин мусоҳиби мо, чунин усули зиндагиро вай аз падараш омӯхтааст, ки танҳо бо садақаи нафарони хайрхоҳ рӯз мегузаронд. Мирзомурод мегӯяд, ӯ намехоҳад, ки фарзандонаш мисли вай дастнигару садақаталаб бошанд, вале бо ин вуҷуд писари 9-солаааш боре ҳам ба мактаб нарафтаву, дар кӯчаҳои шаҳр падарро ҳамроҳӣ мекунад.

Пажӯҳишҳои равонӣ собит кардааст, ки як сабаби идома ёфтани хонаводаҳои камбизоат, тарбия гирифтани фарзандон дар рӯҳияи нотавонист, ки наслҳои онҳо ба ҳамин шеваи зиндагӣ тан медиҳанд.

Равоншинос Наими Рафӣ бар ин аст, ки ҷанги шаҳрвандӣ иқтисоди хонаводаҳои тоҷикро ба ҳам зад ва ба ҳолати равонии мардуми кишвар таъсири манфӣ расонд. Ҳоло волидайн аксаран банди беҳбуди рӯзгоранд ва дар тарбияи фарзандон саҳлангорӣ мекунанд. Кӯдакон дар навбати худ ба ҳаёти якранги падару модар одат намуда, гумон доранд, ки бо ҳамин шева зиндагӣ кардан дуруст аст. Ин ҳам дар ҳоле, ки мегӯяд Наими Рафӣ, ҳатто фарзандони ҳамин хонаводаҳои бебизоат низ дар сурати дуруст тарбия ёфтан метавонанд ба қуллаҳои баланд бирасанд ва ба зиндагии беҳтар аз волидайн даст ёбанд.

Наими Рафӣ мегӯяд, дар зиндагӣ нафароне комёб мешаванд, ки иродаи қавӣ, эътимод ба тавонии худ ва худбаҳодиҳии баланд дошта бошанд. Ин хислатҳоест, ки мутаассифона, дар аксари ҷавонони кишвар мушоҳида намешавад.

Равоншиноси дигар Ёраҳмади Валиаҳмад мегӯяд, ҳоли ҳозир натанҳо насли наврас ва ҷавони кишвар, балки дар маҷмӯъ афкори ҷомеаро нисбат ба ҳаёти нав бояд тағйир дод. Зеро, ба гуфтаи ин равоншинос, феълан, ҷомеаи Тоҷикистон тафаккури мусбӣ надораду, нисбат ба зиндагӣ хушбин нест ва мутаносибан насле, ки дар ҳамин гуна муҳит ба воя мерасад, наметавонад вазъи иқтисодии худро беҳтар кунад.

Аммо ҷомешиносон бар инанд, ки муваффақияти инсон бештар аз худи ӯ вобаста аст. Ҳар шахс метавонад бо донишу маҳорат ва таҷрибаву кӯшиши зиёд самти ҳаракати чархи зиндагиро таъғйир бидиҳад. Ин ақидаро Сино Ализода, як ҷавони муваффақи тоҷик, низ пуштибонӣ мекунад.

Сино дар синни 16-солагӣ дар Маскав тиреза пок мекард. Дар 19-солагӣ масъули тарғиботи ширкати маъруфи мобилии Қазоқистон буд. Имрӯз, дар 24-солагӣ мудири шӯъбаи маркетинг ва рекламаи бузургтарин ширкати тиҷоративу фароғатӣ дар Осиёи Марказӣ бо номи Мега мебошад. Вай мегӯяд, сирри муваффақияташ дар он аст, ки медонад аз зиндагӣ чӣ мехоҳад ва дар ҳеҷ ҳолат рӯҳафтода намешавад.

Чанде қабл маҷаллаи русиягии «Огонёк» Сино Ализодаро ҳамчун «гаронтарин мардикори Қазоқистон» ном бурд. Ин ҳам дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон Сино дар хонаводаи миёнаҳол ба воя расидааст. Аммо ҳоло вай дар назди худ ҳадаф гузошааст, ки дар 25-солагӣ нахустин миллион доллари худро ба даст орад. Сино мегӯяд, бояд ҳар нафар дар фикри рушди шахсияти худ бошад.

Сино мегӯяд, ҷаҳони муосир бо суръати тез дар ҳаракат аст ва нафаре дар зиндагии имрӯза бурд мекунад, ки диди тоза, иродаи устувор ва ҳамчунин фикри мусбат дошта бошад.
XS
SM
MD
LG