Мақомоти Кумитаи тафтишотии Русия дар вилояти Маскав дар робита ба куштори шаҳрванди Тоҷикистон Руслан Бобошерови 31-сола парванда кушода, тафтишро оғоз кардаанд. Ҷасади ӯ шоми 26-уми ноябр дар ҷангалзори минтақаи Любертсии вилояти Маскав пайдо шуд.
Наздиконаш, ки барои шиносоии ҷасад рафтаанд, тасдиқ карданд, ин ҷавон Руслан Бобошеров, сокини ноҳияи Леваканти вилояти Хатлон аст. Ба гуфтаи онҳо, Бобошеров шоми 24-уми ноябр, баъд аз адои кораш дар дӯкони мӯзадӯзии назди истгоҳи метрои Каховская дар Маскав нопадид шуд.
Мақомоти намояндагии Вазорати меҳнату муҳоҷирати Тоҷикистон дар Маскав бар асоси арзёбиҳои ибтидоии муфаттишони Кумитаи тафтишотии Русия гуфтанд, “аввал мардро кушта, баъд ҷасадашро оташ задаанд”.
Иброҳим Аҳмадӣ, сухангӯи намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия, рӯзи 29-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ҷасадро полис ташхис карда, ба сардхонаи маркази тиббиву додгоҳии Любертси супурдааст. “Мақомоти тафтишотӣ ба наздикони Бобошеров иҷоза доданд, ки ҷасадро барои дафн бигиранд”, -- афзуд ӯ.
Муфаттишон ба намояндагии расмии Тоҷикистон хабар додаанд, ки дар заминаи куштори Руслан Бобошеров таҳқиқ шуруъ шудааст.
Дафтари матбуоти сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, куштори Руслан Бобошеров “зери назорати ҷиддӣ аст”. Ба иттилои Беҳрӯз Тӯраев, корманди дафтари матбуоти сафорат, дипломатҳои тоҷик бо муфаттишони Кумитаи тафтишотии Русия дар тамос ҳастанд ва таҳқиқи куштори Руслан Бобошеровро пайгирӣ мекунанд. Феълан, ба қавли ӯ, “бо сабаби нав оғоз шудани таҳқиқот ҷузъиёти зиёд дар даст нест”.
Акбар Бобоназаров, тағои Руслан Бобошеров, ҳам дар Маскав кору зиндагӣ мекунад. Вай рӯзи 29-уми ноябр бо тасдиқи хабари кушта шудани хоҳарзодааш ба Радиои Озодӣ гуфт, масъулияти ташкили интиқоли ҷасад ба Тоҷикистон ба дӯши ӯст.
Бобоназаров мегӯяд, Руслан таҷрибаи тӯлонии кору зиндагӣ дар Русияро дошт ва будубошаш ҳам қонунӣ буд. “Ҳамроҳ бо гурӯҳи тоҷикони дигар дар як хона иҷора менишаст, аммо шоми 24-уми ноябр дигар ӯро надидаанд. Ду шумораи телефон дошт, ҳарду кор намекард. Хеле кофтем, ба полису беморхонаҳо занг задем, набуд. Рӯзи 26-уми ноябр телефонаш фаъол шуд. Маъмури милиса гӯширо бардошт ва гуфт, ки ҷасадро аз дохили ҷангал ёфтаанд. Ба гуфтаи онҳо, ба онҷо бо мошин оварда, куштаанд,” – нақл кард ӯ.
Акбар Бобоназаров гуфт, фарзияи аввали полис ин аст, ки зарбаи аввал аз пушти сари Руслан ҳалокатбор будааст. Онҳо тахмин мекунанд, ки бо кадом маводи сахту вазнин задаанд.
Ҷасадро, ба қавли тағои Руслан, дар як ҷойи камодаме партофта рафтаанд ва нафарони ношинос ҷасадро ёфта, ба полис хабар додаанд. Полис баъди ташхиси ҷасад як симкорти Русланро фаъол карда тавонистааст, вале телефони дигар, ба гуфтаи Акбар Бобоназаров, “аллакай сӯхта буд”.
Як муҳоҷири тоҷик, ки бо Руслан шинос буд, ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯ дар фикри гирифтани шаҳрвандии Русия буд ва гӯиё нақл кардааст, ки “бо кадом майоре шинос шудааст ва ӯ дар таҳияи санадҳо ёрӣ мекунад”. Вале барои ӯ ва дигар наздиконаш ҷузъиёти дигари корҳои Руслан Бобошеров маълум нест.
Акбар Бобоназаров гуфт, воқеан ҳам хоҳарзодааш “дар тараддуди гирифтани шиносномаи сурх” (ишора ба ранги муқоваи паспорти русӣ) буд ва ният дошт, ки то 15-уми декабр корҳоро анҷом дода, ниҳоят ба Тоҷикистон биравад. Ӯ гуфт, Руслан дар се соли охир ба Тоҷикистон нарафта буд.
Бобошеров соҳиби як фарзанд аст, ки ҳамроҳ бо оилааш дар Тоҷикистон зиндагӣ мекунад. Ба қавли наздикон, дар бораи марги Руслан ҳоло тамоми хешу табор дар Тоҷикистон хабар доранд, ба ҷуз модараш.
Русия макони асосии кору даромади беш аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон аст ва будубоши онҳо дар Русия на ҳамеша роҳату бехатар аст. Ба иттилои Ваколатдори ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон, соли 2018 аз Русия ба Тоҷикистон тобути 966 муҳоҷир оварда шудааст, ки 25 нафари онҳо кушта шудаанд. Мунтақидон ҳамвора мақомоти Тоҷикистонро ба он айбдор мекунанд, ки аз ҳуқуқи муҳоҷирон ба таври бояду шояд ҳимоят намекунад.