Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Модари Иззат Амон аз раиси шаҳри Душанбе кӯмак хост


Акси Иззат Амон аз бойгонӣ
Акси Иззат Амон аз бойгонӣ

Модари Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷик, ки ба 9 соли зиндон маҳкум шудааст, мегӯяд, барои додхоҳӣ ба қабули Рустами Эмомалӣ, шаҳрдори Душанбе рафтааст. Дар як навори видеоӣ дида мешавад, ки Ашурбибӣ Холова вориди бинои идораи шаҳри Душанбе мешавад.
Ашурбибӣ Холова рӯзи 14-уми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ӯро муовини шаҳрдорӣ қабул карда, ваъда додааст, ки ҳарфҳояшро ба Рустами Эмомалӣ мерасонад. Модари Иззат Амон мегӯяд чанд рӯз баъд аризаи шикоятӣ аз болои ҳукми додгоҳи шаҳри Душанбе дар Додгоҳи олӣ баррасӣ мешавад ва ӯ хостааст, ки "шаҳрдор барои тантанаи адолат мусоидат кунад".

Қаблан писари Иззат Амон, ҳомии зиндонии муҳоҷирони тоҷик, иддао кард , танҳо барои он ки 232 сомонӣ пули як даъвогарро ба дасташ дода натавонистанд, падарашро зиндонӣ карданд. Дар ҳамин ҳол, ба иттилои дарёфтӣ, Муҳаммадхон Эгамов, яке аз афроди наздик ба Иззат Амонро дар шаҳри Маскав боздошт кардаанд. Чанде аз дӯстони ӯ бо шарти фош нашудани номашон гуфтанд, ба Эгамов "эҳтимоли истирдод ба Тоҷикистон таҳдид мекунад". Наздиконаш дар Душанбе мегӯянд, як ҳафта боз бо ӯ тамос надоранд. Мақомоти Русия ва Тоҷикистон хабарро тасдиқ ё рад накардаанд.

XS
SM
MD
LG