Дар Русия пешниҳод доранд, ки бо кишварҳои Осиёи Марказӣ, аз ҷумла, Тоҷикистон виза ҷорӣ шавад. Дар ин бора Сергей Миронов, раҳбари ҳизби "Справедливая Россия" ҳангоми суханронӣ дар ҷаласаи Думаи давлатӣ баён доштааст. Ба гуфтаи Миронов, ин иқдом барои ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои муҳоҷирон ба шаҳрвандони Русия зарур аст. Гузашта аз ин, ба қавли Миронов, тарҳи қонуни дахлдорро вакилон баррасӣ хоҳанд кард. Миронов таъкид кард, ки вакилони парлумон мехоҳанд ба Кодекси ҷиноии Русия тағйирот ворид намоянд. Аз ҷумла, барои латукӯби гурӯҳӣ, ҳатто агар ҷабрдида ҳеҷ ҷароҳати ҷисмонӣ набинад ва танҳо тарсида бошад, барои ҳамлаварон панҷ соли зиндон пешниҳод хоҳад шуд. Ин бори аввал нест, ки дар Русия даъватҳо барои ҷорӣ кардани низоми раводид бо кишварҳои Осиёи Марказӣ садо медиҳанд. Дар ин мавзуъ сиёсатмадорони гуногун изҳорот медиҳанд. Қаблан порлумон ба тарҳи содда намудани вуруди муҳоҷирони корӣ ба кишвар низ мухолифат намуда буд.