Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ва Беларус санадеро имзо карданд, ки 20 сол боз мувофиқа мешуд. ВИДЕО


Александр Лукашенко ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ
Александр Лукашенко ва Владимир Путин. Акс аз бойгонӣ

Раҳбарони Русия ва Беларус санадеро имзо карданд, ки 20 сол боз мувофиқа мешуд. Ин санад 28 барномаи ҳамгироии ду кишварро дар бар гирифтааст.

Владимир Путин ва Александр Лукашенко барои имзо дидор накарданд. Ба ҷойи он маросими онлайн ва дар ҳузури раҳбарони ҳукуматҳо ва порлумонҳо сурат гирифт.

Раиси ҷумҳури Русия аз Севастопол ва Лукашенко аз Минск ба ҷаласа пайвастанд. Дар умум маросим ним соат идома кард ва дар он Лукашенко бештар сухан гуфт, аз ҷумла дар бораи дӯстии мардуми ду кишвар. Вай ҳамзамон аз он шикоят кард, ки ба сабаби манъи парвози ҳавопаймоҳои Беларус дар фазои Украина, наметавонад ба Қрим биравад.

Владимир Путин пас аз суханронӣ дар бораи рӯзи ягонагии мардумӣ, ки рӯзи 4-уми ноябр таҷлил мешавад, аз он гуфт, ки чӣ гуна Русия ба Беларус газро арзон мефурӯшад ва барои чӣ имзои санад муҳим аст.

"Иҷрои барномаҳои зикршуда ба Русия ва Беларус имкон медиҳад, шароити баробару ягонаи тиҷорат бисозанд. Иқтисоди ду кишвар бар асоси қоидаву меъёрҳои умумӣ кор мекунанд, ки имкони рушди пойдори онҳор фароҳам мекунад ва натиҷаҳои мусбате медиҳад, ки ҳамаи соҳаҳо онро эҳсос мекунанд", -- афзуд Путин.

Русияву Беларус якҷо мешаванд?
лутфан мунтазир бошед
Embed

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:09 0:00

Ҷузъиёти 28 барномаи аҳдномаро пас аз дидори Путину Лукашенко дар Маскав нашр карданд. Санадҳо асосан масоили мутобиқ кардани меъёрҳои иқтисодиву молиёт (андоз), бонкдорӣ, кишоварзӣ ва таъсиси бозори ягонаи нафту газу энергетикаро дар бар мегиранд.

Дар бораи таъсиси пул ва порлумони ягона сухане нест.

Ду раҳбар ҳамчунин доктринаи муштараки низомиро тасдиқ кардаанд. Имзои ин барномаҳоро Созишномаи таъсиси кишвари муттаҳид дар соли 1999 пешбинӣ карда буд, аммо аз онҳо фақат ду барнома иҷро шудааст.

XS
SM
MD
LG