Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Президент дастур додааст, ки аҳолӣ бо барқу гармӣ таъмин шаванд


Машварати корӣ бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон.
Машварати корӣ бо ширкати президент Эмомалӣ Раҳмон.

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳури Тоҷикистон рузи 2-юми ноябр зимни як машварати корӣ ба масъулини идораҳои давлатӣ дастур додааст, ки барои зимистонгузаронӣ, аз ҷумла таъмини муассисаҳои иҷтимоӣ ва аҳолӣ бо барқу гармидиҳӣ, захираи кофии маводи хӯрока ва сӯзишворӣ омода кунанд.

Дафтари матбуоти раиси ҷумҳур хабар дод, ки Эмомалӣ Раҳмон ин супоришро ба Ҳукумати кишвар, Дастгоҳи иҷроияи Президент, вазорату идораҳои давлатӣ ва мақомоти вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳо додааст.

Ин дар ҳолест, ки дар аксари минтақаҳои кишвар барқ бо таври реҷавӣ дода мешавад. Шурӯъ аз аввали моҳи октябр сокинони гӯшаҳои гуногуни кишвар барқро бо маҳдудият мегиранд. Сокинон мегӯянд, дар як шабонарӯз ба онҳо танҳо 8-9 соат барқ дода мешавад. Мақомот ҷорӣ шудани "лимит"-ро рад мекунанд, вале дақиқан намегӯянд, ки кай бо иқтидори пурра ба сокинон барқро таъмин хоҳанд кард.

XS
SM
MD
LG