Донишгоҳҳои Узбекистон садҳо донишҷӯеро, ки бо даъвати мақомот аз мактабҳои олии Қазоқистону Қирғизистон ва Тоҷикистон ба ватан баргаштанд, қабул намекунанд.
Баъзе аз ин донишҷӯён ҳатто маҷбур шудаанд, аз президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев дархост кунанд, ки ба мушкили онҳо дахолат кунад.
Сокини вилояти Қашқадарё бо номи Нодир (номи донишҷӯ иваз шудааст) баъди як соли таҳсил дар донишгоҳи ба номи Мухтор Ауэзови Қазоқистони Ҷанубӣ бо даъвати мақомоти узбек ба ватан баргашта, тасмим гирифт, дар донишгоҳи давлатии вилоят таҳсил кунад.
"Ба суханҳои президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев бовар ва донишгоҳи Қазоқистонро тарк карда, ба ватан баргаштам. Вале дар донишгоҳи кишвари худ бо мушкили бюрократия рӯбарӯ шудаанд. Ба ман то 15-уми ноябр муҳлат додаанд, то як қатор санадҳоеро пешниҳод кунам, ки худи онҳо бояд аз донишгоҳи Қазоқистон дархост намоянд. Дар донишгоҳи кишвари ҳамсоя ба донишҷӯён ин санадҳоро намедиҳанд. Онҳо мегӯянд, барои ин санадҳо намояндаи расмии донишгоҳи Узбекистон бояд биёяд", - изҳор дошт ҳамсуҳбати мо.
Бино ба иттилои канали телеграмии "Қашқадарё", дар ҳоли ҳозир ҳудуди 300 донишҷӯи узбек, ки аз кишварҳои хориҷ баргаштаанд, наметавонанд таҳсилашонро дар Донишгоҳи Қашқадарё идома диҳанд.
Намояндаи Комиссияи қабули Донишгоҳи Қашқадарё, ки худро Ойбек муаррифӣ кард, гуфт, бидуни ҳуҷҷатҳои мазкур наметавонанд донишҷӯёнро қабул кунанд.