Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мадина 70 рӯз боз дар кома аст, тақдири ояндааш номаълум"


Мадина Муҳаммадҷонова
Мадина Муҳаммадҷонова

Мадина Муҳаммадҷонова, зани ҷавоне, ки хабари шиканҷа шуданаш сарусадои зиёдро ба миён овард, ҳанӯз ҳам дар ҳолати кома ё беҳушист. Пизишкон мегӯянд, бахше аз майнаи сари ӯ осеби вазнин дидааст.

Ҳарчанд роҳбарони беморхона ба мусоҳибаи пизишкон розигӣ доданд, ҳеч нафар омода нашуд, дар назди дурбин бо мо суҳбат кунад. Пизишкон гуфтанд, гуё пайвандони Мадина Муҳаммадҷонова ба онҳо иҷозаи суҳбат дар бораи саломатии фарзандашонро надодаанд.

"Ӯро то шаш моҳ нигоҳ мекунем"

Яке аз пизишкони эҳёгар ё реаниматори "Маҳаллаи Шифобахш" ё бемористони "Қарияи Боло", ки Мадина Муҳаммадҷонова дар онҷо беҳушу ёд бистарӣ аст, рӯзи 2-юми ноябр ба Радиои Озодӣ гуфт, тандурустии ояндаи Муҳаммадҷоноваро пешгӯӣ кардан номумкин аст. "Фақат 3 дақиқа кофӣ аст, ки майнаи сари инсон аз нарасидани ҳаво ё кислород сахт осеб бинад. Мадина ҳам эҳтимол ба ҳамин ҳолат дучор шудааст," -- гуфт пизишк.

Бемористони Қарияи Боло
Бемористони Қарияи Боло

Духтури дигари бемористон, ки низ нахост, аз ӯ ном бурда шавад, гуфт: "Ӯро 26-уми август дар ҳолати вазнин ба беморхона оварданд. Қариб 70 рӯз аст, ки дар ҳолати кома аст. Мутахассисон машварат карданд ва то шаш моҳ аҳволи ӯро нигоҳ мекунем. Лекин намедонем, чӣ мешавад, ҳамааш дар дасти Худост," --гуфт ин пизишк.

Рӯзи 1-уми ноябр Додситонии шаҳри Душанбе ду касро бо иттиҳоми шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷонова дастгир кард. Гуфта мешавад, ӯ дар заминаи рашк, аз тарафи ҳамсари як ҳамкораш шиканҷа шудааст.

Талошҳои мо барои суҳбат бо наздикони Мадина Муҳаммадҷонова то ин дам бенатиҷа буд. Дақиқ нест, ки онҳо дар бораи қазия чӣ назар доранд. Дар сурати назари дарёфти назари онҳо, дар матлаб изофа мешавад.

Ҳадаф аз латукӯб ва шиканҷа чӣ будааст?

Дар бораи Мадина Муҳаммадҷонова маълумоти зиёд дар даст нест. Танҳо ҳамин қадар маълум аст, ки ӯ 32-сола аст ва дар яке аз ширкатҳои мобилӣ ҳамроҳ бо Парвиз (Лутфулло) Давлатов кор мекардааст. Лутфулло ё Парвиз Давлатов ҳамроҳ бо ҳамсараш Азиза Давлатова бо гумони шиканҷа кардани Мадина Муҳаммадҷонова ҳоло дар боздошт ҳастанд.

Баъзе аз огоҳон мегӯянд, онҳо бояд ба одамрабоӣ низ гунаҳкор шаванд, чун Мадинаро аз Душанбе маҷбуран ба минтақаи дигаре бурда, чанд соат нигоҳ доштаанд. Гуфта мешавад, ин корро Азиза Давлатова анҷом додааст ва шахсони дигаре бо ӯ ҳамдаст будаанд, ҳарчанд аз онҳо ном бурда намешавад.

Ҳадаф аз латукӯб ва шиканҷа ин будааст, ки Мадина аз робитаи ошиқона бо шавҳари Азиза даст кашад ва оиларо вайрон накунад. Баъзе аз огоҳон, Мадинаро амалан зани дувуми Лутфулло Давлатов медонанд.

Азиза Давлатова ва Парвиз (Лутфулло) Давлатов
Азиза Давлатова ва Парвиз (Лутфулло) Давлатов

Фаъолони ҳуқуқи занон ҳафтаи гузашта дар як муроҷиат ба раиси Маҷлиси Миллӣ аз он нигаронӣ карданд, ки Азиза Давлатова бар асоси қонуни афв аз ҷавобгарӣ озод шудааст. Дар вокуниши раиси шаҳри Душанбе ҳам, ки 30-юми октябр пахш шуд, ин нукта тасдиқ шудааст, ки омилони азияти Мадина Муҳаммадҷонова бо татбиқи қонун "Дар бораи авф" аз ҷавобгарӣ озод шудаанд.

Фаъолони ҷомеаи шаҳрвандӣ мегӯянд, ин ҷо хушунату зӯроварӣ нисбат ба зан ва хунукназарии мақомот дар таҳқиқи ҳодиса сару садо ба бор овардаанд. Сарони додситонӣ то ҳол нагуфтаанд, ки Лутфулло (Парвиз) Давлатов то куҷо дар шиканҷаи Мадина Муҳаммадҷонова нақш дорад.

Тафтиши дубораи қазияи Мадина Муҳаммадҷонова бо талаби ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дахолати шаҳрдори Душанбе, Рустами Эмомалӣ, сурат гирифт. Пешрафт дар ҳалли қазия ва он ҳам пас аз муроҷиати дастҷамъона ба раиси Маҷлиси Миллии Тоҷикистон ва шаҳрдори Душанбе, писари президенти кишвар Рустами Эмомалӣ, суолҳоеро ба миён овард, ки чаро мақомот дар иҷрои вазифаҳои худ саҳлангорӣ кардаанд ва ба чӣ далел парванда боз нашуда, гумонбарон мавриди афв қарор гирифтаанд?

XS
SM
MD
LG