Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти тоҷик аз муҳоҷирон хостанд, ки дар Русия эҳтиёт кунанд


Муҳоҷирон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ.
Муҳоҷирон дар назди сафорати Тоҷикистон дар Маскав. Акс аз бойгонӣ.

Намояндагии Вазорати меҳнат ва муҳоҷирати Тоҷикистон дар Русия аз муҳоҷирони тоҷик давъат намудааст, ки дар давраи маҳудиятҳои вобаста ба КОВИД-19 худро эҳтиёт кунанд ва дар сурати зарурат ба онҳо муроҷиат намоянд. Дар Русия, ки рӯзе то ҳазор нафар аз коронавирус мефавтад, то рӯзи 7 -уми ноябр дар аксар ҷойҳои ҷамъиятӣ карантин эълон шудааст.

Ба гуфтаи Вазорати меҳнат, дар ин давра дар бузургтарин фурӯшгоҳҳои шаҳри Москав, ба истиснои "Фудсити", муваққатан маҳдудият ҷорӣ карда мешавад. Дар фурӯшгоҳҳои "Москва", "Садовод", "Тёплий Стан", "Южний ворота" танҳо дуконҳои фурӯши хӯрокворӣ иҷозати фаъолият доранд. Намояндагӣ мегӯяд, дар сохтмонҳои шаҳри Москав маҳдудияти корӣ ҷорӣ нашуда, аммо риояи қоидаҳои беҳдоштӣ зимни фаъолият ва рафту омад ба ҷойи кор пурзӯр карда мешаванд. Дар давраи маҳдудият дар шаҳри Маскав дорухонаҳо, беморхонаҳо, Марказҳои хизматрасонии бонкӣ, Марказҳои фурӯши хӯрокворӣ фаъолият менамояд.

Бархе муҳоҷирон қаблан шикоят карда буданд, ки онҳоро аз пеш барои карантин хабар надода буданд, то омода шаванд.

Дар Русия ҳудуди як миллион муҳоҷири тоҷик кору фаъолият мекунад.

XS
SM
MD
LG