Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ба дафни наздикон ҳам рафта наметавонӣ." Ҷаҳиши дигарбораи нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон. ВИДЕО


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Ҷаҳиши дигарбораи нархи сӯзишворӣ дар Тоҷикистон сокинонро ба ташвиш овардааст. Агар рӯзи 18-уми октябри имсол як литр сӯзишвории дизелӣ 10 сомонӣ буд, 29-уми октябр ба 11 сомониву 20 дирам расид. Бензини серистифодаи навъи 92 дар ин муддат аз 11 сомонӣ то 11 сомониву 50 дирам гарон шуд.

Сокинону ронандагон аз мақомот мехоҳанд, барои пешгирӣ аз болоравии нархи сӯзишворӣ чора андешанд. Масъулони Хадамоти зиддимонополӣ гуфтанд, ки сӯзишворӣ дар ҷаҳон гарон шудааст ва Тоҷикистон ҳам истисно нест.

"Канӣ ҳамон пул?"

Суҳроб Каримов ронандаи таксӣ аст ва мусофиронро аз Душанбе ба шаҳри Роғун мебарад. Ӯ мегӯяд, то гарон шудани сӯзишворӣ аз ҳар мусофир 25 сомонӣ мегирифт, ҳоло роҳкиро 40 сомонӣ аст. "Мусофирон аз баланд будани нархи роҳкиро шикоят мекунанд, вале ҷуз ин чора надорем. Мо ҳам бояд сӯзишворӣ гирем", -- мегӯяд Каримов.

Шаҳрдории Душанбе ҳам гуфтааст, ба далели гарон шудани сӯзишворӣ, аз 10-уми ноябр роҳкирои нақлиёти ҷамъиятиро дар пойтахт боло мебарад.

Сокинон мегӯянд, на танҳо роҳкиро, балки арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ ҳам афзудааст. Аз ҷумла, нархи орд аз 240 сомонӣ то 300 сомонӣ боло рафт. Ҳафиз Давлатов дар деҳаи Обигарми Роғун дӯкон дорад ва барои харидани маҳсулот ба пойтахт омадааст.

Ӯ мегӯяд, "дар чунин шароит зиндагии мардум вазнин шудааст. Дигар ба дафни наздикон ҳам омада наметавонӣ. Барои рафтуомади ду кас аз маҳалли зисти мо ба Душанбе 160 сомонӣ даркор аст. Ин фақат барои роҳкиро. Канӣ ҳамон маблағ? Болоравии нархи сӯзишворӣ беҳад таъсири бад расондааст. Ҳозир одамон имкони ба Душанбе омадан надоранд, зеро пул надоранд."

Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:

Нархи бензину керосин дар Тоҷикистон боз боло рафт
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:02:51 0:00

Шарҳи мақомот: Нарх дар ҷаҳон боло рафтааст

Дар ҳоле ки баъзе аз сокинон аз мақомот талаби назорати нархро доранд, масъулин мегӯянд, мушкил танҳо дар Тоҷикистон нест. Ба қавли мақомоти Хадамоти зиддиинҳисорӣ, сӯзишворӣ дар бисёре аз кишварҳо гарон шудааст ва Тоҷикистон ҳам аз ин раванд дар канор буда наметавонад.

Ҳабиб Абдуллозода, сардори Раёсати танзими инҳисороти табиии Хадамоти зиддиинҳисорӣ, рӯзи 29-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, аз моҳи январ то октябри имсол нархи як бушка нафти “Брент” аз 51 доллар ба 85 доллар расидааст. "Бар замми ин, сӯзишвории дизелӣ дар корхонаҳои коркарди нафти Русия аз моҳи январи 2021 то моҳи октябр 92 дар сад боло рафтааст. Бензини 92, ки аксаран дар Тоҷикистон истифода мешавад, қариб 2,3 маротиба боло рафтааст, назар ба моҳи январ", -- шарҳ дод мусоҳиби мо.

Намояндаи Хадамоти зиддиинҳисорӣ афзуд, "агар афзоиши нархи нафт дар ҷаҳон идома кунад, мумкин аст, арзиши сӯзишворӣ дар Тоҷикистон боз боло равад".

Сӯзишворӣ: Вобастагии Тоҷикистон аз Русия ва Қазоқистон

Дар рӯзҳои охир нархи маводи сӯхт дар баъзе аз кишварҳои аврупоӣ низ боло рафтааст. Мутахассисон як сабаби болоравиро "афзоиши талаботи иқтисоди ҷаҳон ба нафт пас аз рукуди давраи пандемия" медонанд.

Тоҷикистон ба далели надоштани имконоти кофии коркарди нафт то ба ҳол маҳсулоти нафтиро аз хориҷ ва асосан аз Русияву Қазоқистон дар шакли маҳсулоти тайёр, яъне бензину солярка, мегирад. Гази моеъро асосан аз Қазоқистон меоранд. Имсол аз Туркманистон ва Узбекистон ҳам як миқдори ками сӯзишворӣ ба кишвар ворид карда шудааст.

Мақомот чанд сол боз мегӯянд, ки корхонаи коркарди нафт дар Данғараро фаъол мекунанд, вале ифтитоҳи он ба сабабҳои гуногун кашол меёбад.

Тибқи иттилои расмӣ, Тоҷикистон дар 9 моҳи имсол ба кишвар наздик ба 500 ҳазор тонна маҳсулоти нафтӣ ворид кардааст. Соли гузашта ба кишвар 234 ҳазор тонна бензин ва 298 ҳазор тонна сӯзишвории дизелӣ оварда буданд.

XS
SM
MD
LG