Масъулони Вазорати кишоварзии Тоҷикистон сабаби болоравии нархи ордро дар кишвар ба “кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон” пайванд доданд. Онҳо ҳамзамон гуфтанд, ба арзон ё дар як сатҳ нигоҳ доштани қимати орд талош мекунанд.
Дар як моҳи охир нархи орд дар Тоҷикистон боло рафта, як халтаи 50-килоии он қариб ба 300 сомонӣ расидааст.
Абдуқодир Ятимов, масъули Вазорати кишоварзӣ, ба хабаргузории давлатии “Ховар” гуфтааст, Тоҷикистон "танҳо 50-60 фоизи сокинони мамлакатро бо гандуми ватанӣ таъмин менамояд ва боқимонда аз воридот вобастагӣ дорад."
Ӯ сабаби гарон шудани нархи ордро “камбориш омадани сол ва кам шудани ҳосили гандум дар Қазоқистон” номидааст.
Тоҷикистон гандумро асосан аз Қазоқистон ва як миқдори камтарро аз Русия меорад. Ба гуфтаи мақомот, барои таъмини мардуми Тоҷикистон солона 700 ҳазор тонна орд лозим аст.
Пештар мақомот аз ҳисоби захираҳои давлатӣ талош карда буданд, нархи маҳсулоти ниёзи аввалро муътадил нигоҳ доранд, аммо мутахассисон мегӯянд, ин чиз барои танзими нарх кофӣ нест.
Аъзои порлумон моҳи марти имсол Оҷонси захираҳои моддии давлатиро ҳангоми овардани маҳсулоти хӯроквориву сӯзишворӣ аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда (НДС), аксиз ва боҷи гумрукӣ озод карданд.
Вакилон гуфтанд, додани ин имтиёз барои муътадил нигоҳ доштани арзиши маҳсулоти ғизоӣ ва сӯзишворӣ мебошад. Ин тасмим баъдан норозигии баъзе аз ширкатҳои дигарро ба миён овард.
Орд маҳсулоти асосӣ барои ҳар оилаи тоҷикистонӣ аст ва болоравии нархи он ба буҷаи хонаводаҳо таъсир мерасонад. Аммо фақат нархи орд нест, ки дар ҳафтаҳои охир боло меравад.
Қимати сӯзишворӣ ҳам дар ду моҳи охир ба таври камсобиқа баланд рафт. Мақомот сабаби гарон шудани маводи сӯхтро ба гарон шудани қимати нафт дар бозори ҷаҳонӣ рабт доданд. Баъди боло рафтани нархи сӯзишворӣ, роҳкиро ҳам дар кишвар қимат шуд.