Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷабҳаи муқовимати зидди "Толибон" дар Амрико намояндагӣ боз кард


Размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.
Размандагони Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон.

Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон бо раҳбарии Аҳмад Масъуд мегӯяд, ки Амрико ба ифтитоҳи намояндагияш дар Вашингтон мувофиқат кардааст. Пас аз эълони Ҷабҳаи муқовимати миллӣ, ин аввалин дафтари ҷабҳа аст, ки кушода мешавад.

Алӣ Майсам Назарӣ, сухангӯи Ҷабҳа, ба расонаҳо гуфтааст, ин иҷозатнома аллакай аз сӯи Вазорати адлияи Амрико содир шуд. Вай ин масъаларо ҳодисаи бисёр муҳим хонд, зеро хеле кам рух медиҳад, ки Амрико чунин иҷозатномаеро барои ҷабҳаҳои сиёсӣ-низомӣ содир кунад.

Мақомоти Иёлоти Муттаҳидаи Амрико то кунун дар ин бора маълумоте ироа накардаанд.

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ ахиран дар баробари ҳамлаҳои низомӣ, фаъолиятҳои сиёсии худро ҳам бештар кардааст. Алӣ Майсам Назарӣ ду рӯз пеш дар "Фейсбук" бо нашри чанд акс бо вакилони порлумони Италия навишт, дар бораи вазъияти амниятии Афғонистон ва минтақа, бо онҳо суҳбат доштааст.

Ба навиштаи Назарӣ, ин вакилони порлумон, ки аъзои эътилофи ҳоким дар ҳукумати Италия мебошанд, итминон додаанд, ки зери ҳеҷ шароите "Толибон"-ро ба ҳайси намояндаи Афғонистон ё давлати расмӣ намешиносанд.

Сухангӯи Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар идома навиштааст, "ин вакилони порлумони Италия аз талошҳои Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон барои овардани озодӣ, адолат ва сулҳ ҳимоят мекунад ва кушиш хоҳанд варзид, ки садои озодихоҳони Афғонистонро ба боқӣ Иттиҳоди Аврупо бирасонанд".

Ҷабҳаи муқовимати миллӣ бо раҳбарии Аҳмади Масъуд, писари фармондеҳи маъруфи зидди Шӯравӣ ва муқовимати аввали зидди "Толибон", ҳудуди дувуним моҳ пеш, таъсис шуд.

Дар ҳоли ҳозир маркази ин муқовимат дараи Панҷшер мебошад. Чанд рӯз пас аз ишғоли Кобул, "Толибон" ба Панҷшер юриш бурданд ва ҷодаҳои аслии онро тасарруф карданд. Мақомоти Ҷабҳаи муқовимати миллӣ мегӯянд, 70 дарсади Панҷшер ҳанӯз дар ихтиёри онҳо қарор дорад.

Дар мавриди вазъият дар Панҷшер маълумоти дақиқ дар даст нест. Пас аз ҳамла ба Панҷшер, "Толибон" дастрасӣ ба телефон ва интернетро қатъ карда ва равуоро ба ин дара зери назорати сахт гирифтанд. Дар рӯзҳои гузашта аз қатлҳои дастҷамъӣ дар Панҷшер гузоришҳо ба нашр расид, аммо "Толибон" хабарҳоро рад карданд. Ҷангҳои пароканда ҳамчунин дар минтақаи Андароби вилояти Бағлон, ҳаммарз бо Панҷшер, идома доранд.

Гурӯҳи тундрави "Толибон" рӯзи 15-уми август, пас аз фирори президенти вақт Ашраф Ғанӣ, вориди Кобул шуд ва қудратро ба даст гирифт. Бо вуҷуди талошҳои зиёди "Толибон" ва ҷонибҳои пуштибони онҳо, ҳанӯз ҳеч кишвар ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.

XS
SM
MD
LG