Пас аз чанд рӯзи хомӯшӣ Аҳмад Масъуд, роҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Афғонистон бо нашри як паёми савтӣ ба ширкатдорони конфронси бахшида ба падараш Аҳмадшоҳ Масъуд дар донишгоҳи Оксфорди Британия аз худ дарак дод. Паёми ӯ рӯзи 24-уми сентябр дар саҳифааш дар шабакаи иҷтимоии Ютуб нашр шуд.
Дар ин паём Аҳмад Масъуд Толибонро як "гурӯҳи экстремистӣ" хонд ва гуфт ҷонибдори ғайримутамарказ кардани низоми сиёсиву идорӣ дар Афғонистон аст, то ҳама ақвоми сокини Афғонистон имкони интихоби роҳбари худ ва таъсиргузорӣ дар таъини сиёсатҳоро дошта бошанд.
Ӯ гуфт, "бовар дорем, ки ғайримутамарказ кардани низоми сиёсиву идорӣ (дар Афғонистон) беҳтарин роҳ барои оянда мебошад. Дар заминаи чунин низом ақвоми бумӣ имкон хоҳанд дошт ки роҳбарони маҳаллии худро интихоб кунанд ва онҳо дар назди сокинон ҳисоботдиҳанда бошанд. Дар ин сурат сокинон имкон хоҳанд дошт, дар таъини сиёсатҳо дар маҳали скунати худ иштироки фаъол дошта бошанд.”
Аҳмад Масъуд афзуд, ки падараш Аҳмадшоҳ Масъуд низ ҷонибдори чунин низом буд, ки шараф ҳайсият ва адолати иҷтимоиро барои ҳамагон таъмин кунад.
Дар идомаи ин паём, ӯ гуфт падараш зидди режимҳои мустамликавӣ ё ҳукумати гурӯҳои экстремистие мисли Толибон мубориза мебурд. Ба гуфтаи Аҳмад Масъуд, Толибон аз рӯзи дигарбора ишғол кардани ҳукумат дар Кобул " бо идомаи террору тахрибкорӣ ва кирдорҳои ваҳшиёна бори дигар ҷомеаҳои гуногунро гирифтор карданд. Онҳо зидди ҳуқуқҳои бунёдии занон ва таҳсили духтарон ҳастанд. Толибон кишвари моро ба паноҳгоҳи терроризми байналмилалӣ табдил доданд.”
Ба гуфтаи Аҳмад Масъуд, ба он хотир Ҷабҳаи муқовимати миллиро ташаккул дод, ки ормонҳои падарашро идома диҳад ва орзӯи мардуми Афғонистонро амалӣ созад.“Ҳадафи ҷабҳа озодии Афғонистон, дифоъ аз ҳуқуқи худ, амният ва эҳтиром ба мероси фарҳангиву таърихӣ аст",- иброз дошт ӯ.
Қабл аз хуруҷи нерӯҳои Амрико ва ҳампаймононаш аз НАТО аз Афғонистон Толибон рӯзи 15-уми август ҳукуматро дар Кобул ишғол карданд. Раисҷумҳур Ашраф Ғанӣ аз кишвар фирор кард.
Ҷомеаи байналмилалӣ дар эътирофи ин гурӯҳи тундрав ба ҳайси ҳокими Афғонистон дар дуроҳа аст. Дар айни замон, Мулло Муҳаммад Ҳасан Охунд, иҷрокунандаи вазифаи раиси ҳукумати "Толибон", рӯзи 21-уми сентябр дар Кобул бо намояндагони Русия, Чин ва Покистон мулоқот кард. Аввали ҳафтаи ҷорӣ президенти Узбекистон дар Маҷмаи умумии Созмони Милал дар Ню-Йорк гуфт, ин кишвари Осиёи Марказӣ интиқоли нафту барқро ба Афғонистон аз сар гирифтааст.
Дар ҳамин ҳол, кишварҳои Осиёи Марказии ҳаммарз бо Афғонистон аз таҳдидҳои амниятӣ ва эҳтимоли омадани даҳҳо ҳазор гуреза аз Афғонистон дар ташвиш ҳастанд. "Толибон" кӯшиш дорад, итминон диҳад, ки ба кишварҳои ҳамсоя ҳеч таҳдид надорад.