Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии Ҷаҳон Қурбонов дар аввалин рақобаташ дар қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Сербистон


Ҷаҳон Қурбонов.
Ҷаҳон Қурбонов.

Ҷаҳон Қурбонов, варзишгари маъруфи тоҷик, дар нахустин рақобати худ дар мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон дар Белгради Сербистон дар вазни беш аз 92 кило бар намояндаи Кения Элли Очола бо ҳисоби 4:1 пирӯз шуд. Рақиби Ҷаҳон дар даври навбатӣ, ки 31-уми октябр доир мегардад, Наренда аз Ҳиндустон мебошад.

Ба ҷуз аз Ҷаҳон Қурбонов, рӯзи 28-уми октябр боз ду муштзани тоҷик дар даври муқаддамотӣ рақобат карда, ноком шуданд. Хусравхон Раҳимов дар вазни то 57 кило аз Йилмар Гонзалез (Колумбия) ва Саидикром Амонов дар вазни то 67 кило аз Мартин Скожейм (Норвегия) шикаст хӯрданд.

Ёдовар мешавем, аз байни ҳашт муштзани тоҷик аввалин шуда Шаббос Неъматуллоев рӯзи 26-уми октябр ба рақобат пардохт. Ӯ дар даври аввал дар вазни то 80 кило бар намояндаи Олмон Силвио Шерли бо ҳисоби 3:2 дастболо шуд. Шаббос дар даври дуюм 30-юми октябр бо Самуэл Камара аз Сйерра-Леоне, ки дар даври аввал озод буд, рақобат мекунад.

29-уми октябр ду варзишгари тоҷик - Абдураҳмон Ёқубов дар вазни то 60 кило бо ғолиби ҷуфти Мизон Ойкул (Туркия) / Роланд Верес (Нидерланд) ва Парвиз Каримов дар вазни то 92 кило бо Ҷамар Теллей (ИМА) – вориди рақобат мешаванд.

30-юми октябр бз ду муштзани тоҷик ба рақоат мепардозанд. Баҳодур Усмонов дар вазни то 63,5 кило бо Иля Шокиров (Русия) ва Абдумалик Болтаев дар вазни то 75 кило бо Сумит (Ҳиндустон) қувва меозмоянд.

Мусобиқаи қаҳрамонии бокси ҷаҳон миёни мардон дар шаҳри Белгради Сербия, ки 24-уми октябр оғоз шуд, то 6-уми ноябр идома хоҳад кард.

Дар қаҳрамонии ҷаҳон беш аз 500 варзишгар аз 88 кишвар ширкат доранд ва онҳо дар 13 вазн рақобат мекунанд.

Бори аввал ғолибон дар баробари медал бо ҷоизапулӣ дар ҳаҷми 100 ҳазор доллари ИМА ва камарбанд, барандагони ҷойҳои дуюму сеюм бошанд, ба ҷуз аз медал бо ҷоизапулӣ мутаносибан дар ҳаҷми 50 ҳазор ва 25 ҳазор доллар қадрдонӣ мешаванд.

XS
SM
MD
LG