Рӯзи чаҳоршанбе дар Теҳрон, пойтахти Эрон, нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон оғоз шуд. Ба иттилои расонаҳои Эрон, дар ин нишаст вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон, Туркманистон, Покистон, Узбекистон ва Эрон ҳузур доранд ва вазирони корҳои хориҷии Русия ва Чин ба таври маҷозӣ ё онлайн ширкат мекунанд.
Аммо намояндагони "Толибон" ба нишаст даъват нашуданд. Забеҳуллоҳ Муҳоҷид, сухангӯи ҳукумати "Толибон", ба Радиои Озодӣ гуфт, "нишасти Эрон нишасти ҳамсоягони Афғонистон аст, аз мо барои иштирок дар ин нишаст даъват нашудааст, танҳо ҳамсоягони Афғонистон дар он ҳузур доранд". Муҷоҳид дар бораи баҳсҳое, ки дар ин нишаст дар мавриди он гуфтугӯ мешавад, вокуниш нишон надод.
Қаблан эълон шуда буд, ки Иброҳими Раисӣ, президенти Эрон дар маросими ифтитоҳи ин ҳамоиш суханронӣ мекунад. Ба ҷойи ӯ Муҳаммад Мухбир, муовини аввали раиси ҷумҳури он кишвар, суханронӣ кардааст. Мухбир гуфтааст, ҷанги 20-солаи Афғонистон ба ҷуз афзоиши ноамнӣ, ифротгароӣ, рушди терроризм ва ақибмондагии иқтисодӣ натиҷае барои мардуми Афғонистон надошт.
Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, аз кишварҳои ҳамсояи Афғонистон хостааст, ба Амрико ва НАТО иҷозаи ҷобаҷо кардани нерӯро дар қаламрави худ надиҳанд.
Ван И, вазири корҳои хориҷии Чин, дар нишаст гуфтааст, "Толибон" муштоқи гуфтугӯ бо ҷомеаи ҷаҳонӣ аст. Вазири корҳои хориҷии Чин, ки дар ин ҳамоиш ба таври онлайнӣ суҳбат мекард, гуфт, "Чин дар замони муносиб мизбони нишасти севуми ҳамсоягони Афғонистон хоҳад буд". Ван И ҳамчунин аз ҷомеаи ҷаҳонӣ хост, ба рушди Афғонистон кумак кунанд.
Ҳусейн Абдуллоҳиён, вазири корҳои хориҷии Эрон, гуфтааст, "Толибон" бояд итминон диҳанд, ки ба кишварҳои ҳамсоя аз қаламрави Афғонистон таҳдиде сурат намегирад. Абдуллоҳиён дар идома гуфтааст, дар моҳҳои охир шоҳиди густариши фаъолиятҳои гурӯҳҳои террористӣ, ба вижа ДОИШ, дар Афғонистон будаанд. Ӯ ҳамчунин гуфт, ниёз аст, то як ҳукумати фарогир бо ҳузур ва иштироки пойдори ҳама қавмҳои Афғонистон ташкил шавад
Нишасти Теҳрон як ҳафта баъд аз нишасти Маскав баргузор мешавад. Дар нишасти Маскав ҳамсояҳо ва кишварҳои Осиёи Марказӣ иштирок карда буданд. Ҳайати "Толибон"-ро дар ин нишаст муовини раиси ҳукумати "Толибон" Абдусалом Ҳанафӣ раҳбарӣ мекард.
Дар нишасти Маскав Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия гуфта буд, то вақте "Толибон" ҳукумати ҳамашумул насозанд ва ҳуқуқи башарро дар Афғонистон риоя накунанд, ҳукумати онҳо ба расмият шинохта намешавад.
Гуруҳи "Толибон" рӯзи 15-уми август, пас аз фирори президенти барканоршуда Ашраф Ғанӣ вориди Кобул шуд ва қудратро ба даст гирифт. Бо гузашти беш аз ду моҳ то кунун ҳеҷ кишвари ҷаҳон ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст.