Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазири тоҷик бо мақомоти Эрон ҳамкориҳоро баррасӣ кардааст


Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Эрон Сироҷиддин Муҳриддин ва Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён

Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, Сироҷиддин Муҳриддин, бо президенти Эрон Иброҳим Раисӣ ва вазири умури хориҷии он кишвар Ҳусейн Амир Абдуллоҳиён мулоқот кардааст.

Дидори онҳо дар остонаи ҷаласаи ҳамсояҳои Афғонистон дар Теҳрон гузашт.

​Ба навиштаи сомонаҳои расмии Тоҷикистон, дар мулоқот "алоқамандии ҷонибҳо барои густариши равобити сиёсӣ, тиҷоратию иқтисодӣ ва фарҳангӣ" таъкид шудааст.

Як мавзӯи суҳбат вазъ дар Афғонистон будааст, ки Тоҷикистон ва Эрон хоҳони ташкили як ҳукумати фарогир ва истиқрори сулҳу субот дар он кишвар ҳастанд.

Интизор меравад, Сироҷиддин Муҳриддин ва дипломатҳои дигари Тоҷикистон дар ҷаласаи "вазирони корҳои хориҷии кишварҳои ҳамсояи Афғонистон+Русия" низ иштирок кунанд.

ТАСС навишт, дар ин нишаст Сергей Лавров, вазири корҳои хориҷии Русия, суханронӣ мекунад. Бори нахуст кишварҳои ҳамсояи Афғонистон 8-уми сентябр дар як нишасти маҷозӣ мулоқот карда буданд.

Дар нишасти рӯзи чоршанбе раҳбарони сиёсатҳои хориҷии кишварҳои Эрон, Русия, Чин, Покистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон иштирок мекунанд ва тамаркузи онҳо сари масоили Афғонистон, аз ҷумла, ташкили ҳукумати фарогир, равона мешавад.

XS
SM
MD
LG