Раиси Идораи фурӯши барқ дар ноҳияи Мастчоҳро бо корд захмӣ кардаанд.
Мақомоти корҳои дохилӣ ҳанӯз қазияро шарҳ надодаанд, вале манобеи Радиои Озодӣ мегӯянд, ҳодиса ҳафтаи гузашта рух дод.
Ба қавли як манбаи огоҳ, Рустам Тӯйчиев, раиси Идораи фурӯши барқи ноҳияи Мастчоҳ, аз тарафи корманди собиқаш захмӣ карда шудааст. Ин нозири барқро дар пайи шикояти сокинон аз кор ронда будаанд.
"Ин нозири барқ баъди озод шудан аз кор ба ҳуҷраи кории Рустам Тӯйчиев даромада, бо ӯ баҳс мекунад ва бо корд як дафъа ба қафаси синааш мезанад. Раиси Идораи барқро фавран ба беморхона бурданд", -- иттилоъ дод манбаъ.
Масъулони бемористони марказии ноҳияи Мастчоҳ рӯзи 27-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, вазъи раиси Идораи фурӯши барқ хуб аст ва рӯзҳои наздик ӯро ҷавоб медиҳанд. Пизишкон гуфтанд, корд ба қабурғаи Рустам Тӯчиев осеб расондааст.
Дар Раёсати корҳои дохилии вилояти Суғд гуфтанд, қазияро давоми рӯз шарҳ медиҳанд.
Ҳанӯз мушаххас нест, ки дар пайванд ба захмӣ шудани раиси Идораи барқи Мастчоҳ касе дастгир шудааст ё не. Рустам Тӯйчиев мутахассиси собиқадори Идораи барқ мебошад. Ӯ баъд аз тақсим шудани "Барқи тоҷик" ба се ширкат, раиси Идораи фурӯши барқ дар ноҳияи Мастчоҳ шуд.
Захмӣ шудани раиси Идораи фурӯши барқ дар ҳоле рух медиҳад, ки ин шабу рӯз сокинони гӯшаҳои кишвар ба камбуди барқ рӯбарӯ ҳастанд. Дар ин бора ҳамарӯза Радиои Озодӣ аз минтақаҳои Тоҷикистон шикоятҳои зиёд мегирад. Сокинон мегӯянд, аз соати 8-и субҳ то 17 ва ҳам шабона барқ надоранд.
Масъулини ширкати "Барқи тоҷик" батакрор мегӯянд, дар кишвар лимит ё маҳдудият ҷорӣ нашудааст ва сабаби қатъ шудани барқро таъмир дар хатҳои баландшиддат медонанд. Бисёриҳо ба ин изҳороти мақомот шубҳа доранд ва мепурсанд, чӣ гуна дар нисфи шаб корҳои таъмирӣ гузарондан мумкин аст.