Вакили мудофеи Иззат Амон аз Додгоҳи олии Тоҷикистон хостааст, ки ҳукми зерҳимояашро тағйир диҳад.
Додгоҳи шаҳри Душанбе 19-уми октябр Иззат Амон, ҳомии ҳуқуқи муҳоҷирони тоҷикро бо гуноҳи "қаллобӣ” ба 9 сол зиндон маҳкум кард. Пайвандонаш розӣ нестанд ва онро “беадолатӣ” медонанд.
Саидбурҳон Шарифов, вакили мудофеи Иззат Амон, 21-уми октябр ба Радиои Озодӣ гуфт, ки аризаро бо имзои зерҳимояаш ба Додгоҳи олӣ супурданд.
“Дар ариза масъалаи иҷро нашудани қонуни афвро, ки президент эълон кардааст, зикр намудем”, -- илова кард Маҳмадюсуф Холов, писари Иззат Амон.
Масъулони Додгоҳи шаҳри Душанбе то ҳол нагуфтаанд, ки чаро бо вуҷуди ҷуброни маблағи даъвогарон, қонуни афв нисбат ба Иззат Амон татбиқ нагардид. Дар ҳоле ки моддаи 247-и Кодекси ҷиноии Тоҷикистон, ки Иззат Амон бар асоси он муҳокима шуд, ба афв шомил мешавад.
Иззат Амон, раиси созмони "Маркази тоҷикон" дар Маскав, ки бештар аз ҳаққи муҳоҷирони тоҷик ҳимоят мекард, 25-уми марти имсол аз шаҳрвандии Русия маҳрум ва сипас аз қаламрави ин кишвар ронда шуд. Пас аз як рӯзи он мақомоти Тоҷикистон аз боздошти ӯ дар Душанбе хабар доданд.
Ба иттилои мақомот, Иззат Амон бар асоси даъвои чанд нафар дастгир шуда, ба қаллобӣ гунаҳкор шудааст. Наздиконаш аксар даъвоҳоро бепоя медонистанд, вале гуфтанд, ба хотири раҳоии ӯ беш аз 1 миллиону 90 ҳазор рубл ва 1000 доллари даъвогаронро супурданд.
Ҷонибдоронаш бовар доранд, боздошту ҳукми Иззат Амон дар асл дорои ангезаҳои сиёсӣ аст. Иззат Амон дар баробари ёрӣ ба муҳоҷирони корӣ аз сиёсатҳои мақомоти Тоҷикистон низ танқид мекард.
Дар моҳи сентябри соли 2019 эълон кард, ки ҳизби муҳоҷиронро бо номи "Тағйирот, ислоҳот ва рушд" таъсис хоҳад дод ва ҳадафаш ҳузури муҳоҷирон дар ҳаёти сиёсии Тоҷикистон аст. Баъдан бо ишора ба фишор ва монеагузориҳо аз ин идея даст кашид.