Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Намояндагони Амрико ва “Толибон” дар Қатар мулоқот мекунанд


Раҳбарони "Толибон" баъд аз гирифтани Кобул, акс аз бойгонӣ
Раҳбарони "Толибон" баъд аз гирифтани Кобул, акс аз бойгонӣ

Баъди берун рафтани нерӯҳои амрикоӣ ва НАТО аз Афғонистон ва ба қудрат расидани “Толибон” дар ин кишвар, мақомоти Иёлоти Муттаҳида ва “Толибон” бори аввал рӯбарӯ суҳбат мекунанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико 8-уми октябр гуфт, ҳайати амрикоӣ рӯзҳои шанбе ва якшанбе бо мансабдорони баландпояи “Толибон” дар шаҳри Давҳа (Доҳа)-и Қатар дидор хоҳанд кард.

Ҳайати ҳукумати “Толибон” ба раҳбарии Амирхон Муттақӣ, сарпарасти Вазорати корҳои хориҷии “Толибон”, шоми 8-уми октябр аз Кобул ба Давҳа рафтааст.

Як сухангӯйи ҳукумати Амрико гуфт, онҳо дар умум бар “Толибон” фишор хоҳанд овард, ки ба ҳуқуқи тамоми шаҳрвандони Афғонистон, аз ҷумла занону духтарон эҳтиром бигузоранд ва як ҳукумати фарогирро ташкил диҳанд.

Вазорати корҳои хориҷии Амрико мегӯяд, ин мулоқот ба ин маънӣ нест, ки Вашингтон ҳукумати “Толибон”-ро ба расмият мешиносад.

Хабаргузории “Ройтерс” аз қавли як мақоми амрикоӣ навиштааст, дар музокирот Залмай Халилзод, ки аз чанд сол ба ин сӯ музокироти сулҳи Амрико бо “Толибон”-ро раҳбарӣ мекард, шомил нест.

Гуруҳи “Толибон”, ки фаъолияташ дар аксар кишварҳо мамнуъст, дар нимаи моҳи август назорат бар Афғонистонро ба даст гирифт, аммо то ҳанӯз эътимоду эътирофи кишварҳоро ба даст наовардааст.

XS
SM
MD
LG