Афви Байнулмилал (Amnesty International) мегӯяд, нерӯҳои "Толибон" моҳи августи имсол, ду ҳафта баъд аз сарнагунии ҳукумати рӯ ба ғарби Кобул, 13 ҳазора, аз ҷумла, як духтари ҳабдаҳсоларо куштаанд.
Созмон 5-уми октябр дар изҳороте гуфт, қатли ду мулкӣ ва 11 узви нерӯҳои дифоии Афғонистон 30-юми августи имсол дар деҳаи Каҳори вилояти Дайкундӣ рух дод.
Ба навиштаи манбаъ, сарбозони артиш замоне кушта шудаанд, ки мехостанд, бо расидани “Толибон” ин маконро тарк кунанд.
Шоҳидони қатлҳо ба Афви Байнулмилал гуфтаанд, нӯҳ узви нерӯҳои амнияти миллии Афғонистон замоне кушта шуданд, ки ихтиёрӣ ба “Толибон” таслим шуданд. Созмон рафтори ҷангҷӯёнро «ҷинояти ҷангӣ» номидааст.
Ҷасади 11 марди кушташуда бо осори тир дар сар дар наворҳои видеоӣ ҳастанд.
Агнес Калламард, дабири кулли Афви Байнулмилал, гуфт, “қатлҳои хунсардона далели дигари ин аст, ки «Толибон» даст ба ваҳшониятҳои ҳамсони давраи ҳукмронии пешинашон дар Афғонистон мезананд.”
Ӯ аз ҳукумати “Толибон” талаб кард, ки омилони ин ҷиноятҳоро ба ҷавобгарӣ кашанд ва “нишон диҳанд, ки чунин қонуншиканиҳои ҷиддӣ таҳаммул нахоҳанд шуд”.
Забеҳулло Муҷоҳид, сухангӯи "Толибон" иттиҳомоти Афви Байнулмилалро рад кард ва дар сӯҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт: "Мо ин гузоришро комилан рад мекунем. Чунин ҳодисае рух надодааст"
Ҳанӯз “Толибон” вокуниш накардаанд. Қаблан намояндагони гуруҳ ваъда доданд, ба зидди онҳое, ки бо ҳукумати пешини Кобул ё хориҷиҳо ҳамкорӣ кардаанд, коре нахоҳанд кард.
Ин аввалин ҳодиса нест, ки дар бораи қатлҳои бераҳмонаи ҳазораҳо аз ҷониби “Толибон” дар соли ҷорӣ гузориш мешавад.
Дар як гузориши дигари созмони ҳомии ҳуқуқи марказаш дар Лондон гуфта шуд, ки моҳи июли имсол дар вилояти Ғазнӣ ҷангҷӯёни “Толибон” нӯҳ ҳазораро ба қатл расониданд.
Ҳазораҳо шиамазҳаб буда, муддатҳои дароз аз поймол шудани ҳуқуқашон дар Афғонистони асосан суннимазҳаб азият мешаванд.
Ҳукмронии “Толибон” дар Афғонистон дар солҳои 1996-2001 дар хотирҳо бо ваҳшонияту бераҳмӣ ва хушунати зиёд мондааст.