Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги як хонандаи мактаб пас аз пахтачинӣ дар Зафаробод


Меҳронаи Фурӯзон. Аксро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузаштанд
Меҳронаи Фурӯзон. Аксро наздиконаш дар ихтиёри Радиои Озодӣ гузаштанд

Як хонандаи мактаб ҳангоми ширкат дар маъракаи пахтачинӣ дар ноҳияи Зафарободи вилояти Суғд ба ҳалокат расидааст.

Наздикони ӯ 16-уми сентябр ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ки Меҳронаи Фурӯзон "ҳангоми бозгашт аз пахтачинӣ аз бордон (тележка)-и трактор афтода, ҷон бохт".

Ҳодиса шоми 14-уми сентябр дар ҳоле рух додааст, ки он рӯз Меҳронаи 15-сола ҳамроҳ бо гуруҳе аз хонандагони мактаби рақами дуи ноҳияи Зафаробод "бо хоҳиши кормандони милиса ва ризоияти омӯзгорон" барои пахтачинӣ ба заминҳои назди шаҳраки Меҳнатободи Зафаробод бурда шудаанд.

Хешовандони Меҳрона марги ӯро "натиҷаи беаҳамиятии омӯзгороне" номиданд, ки низ мактабиёнро ҳамроҳӣ мекардаанд.

Маъмурияти мактаби рақами 2-и ноҳияи Зафаробод ба суоли Радиои Озодӣ дар ин робита посух надод. Маълум нест, зимни чӣ муқаррароте ба пахтачинии мактабиён иҷоза додааст.

Баъзе аз манбаъҳо гуфтанд, заминҳое, ки дар он хонандагони мактаб пахта ҷамъоварӣ карданд, ба яке аз мансабдорони баландпояи мақомоти қудратӣ тааллуқ доштаанд. Вале касе омода нашуд, номи ин мансабдорро зикр кунад.

Мавсими ҷамъоварии пахта, яке аз маҳсулоти асосии содиротии Тоҷикистон, охири моҳи август сар шуда, то охири моҳи ноябр идома мекунад.

Дар гузашта мақомот дар ин кор аз нерӯи хонандагони мактаб ва донишҷӯён фаровон истифода мекарданд. Чанд сол пеш барои халал нарасондан ба ҷараёни таълим ва пешгирӣ аз меҳнати кӯдакон ин кор манъ шуд. Бо ин вуҷуд, хонандагонро зери номи ҳашар ё кумак ба кишоварзон ба саҳрои пахта мебаранд.

XS
SM
MD
LG