Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Ӯро шавҳараш ба Сурия бурда буд". Додгоҳи зане дар Тоҷикистон, ки аз Афғонистон оварда шудааст


Зиндони занона дар Афғонистон. Акс аз соли 2013
Зиндони занона дар Афғонистон. Акс аз соли 2013

Дар Тоҷикистон занеро муҳокима мекунанд, ки чанд моҳ пеш аз зиндони Пули Чархии Афғонистон овардаанд. Олима Камоловаи 31-сола ба иштирок дар ҷангҳои "бегона" гумонбар аст, аммо пайвандонаш бовар доранд, ӯ дар ҳеч даргирӣ иштирок накарда, "қурбонии хостҳои шавҳараш шудааст".

Мурофиаи зан дар Додгоҳи шаҳри Ваҳдат, канори Душанбе, идома дорад. Додситон рӯзи 29-уми сентябр ба ӯ понздаҳ сол зиндон талаб кард.

Сулаймон Камолов, бародари Олима Камолова, ба Радиои Озодӣ гуфт, хоҳараш беш аз як сол дар зиндони Афғонистон буд ва бо умеди афв ба мақомот муроҷиат кард, вале ҳоло бо муҳлати дарози зиндон рӯбарӯ аст.

Додситон гуфтааст, ӯ дар ҷангҳои Ироқу Сурия иштирок дошт ва бояд ҷазо бигирад.

Пайвандонаш гуфтанд, Олима Камолова соли 2015 ҳамроҳи шавҳараш аввал ба Русия ва аз онҷо ба Сурия рафта буд. Ба қавли онҳо, дақиқ нест, пас аз кушта шудани шавҳараш, Олима дар кадом шароит аз Ховари Миёна ба кишвари ҳамсояи Тоҷикистон омад ва чӣ гуна ба зиндони Пули Чархӣ афтид.

"Хоҳарам 3 фарзанди ноболиғ дорад. Дар ягон ҷанг ширкат накардааст. Ӯро шавҳараш ба Сурия бурда буд", -- гуфт Сулаймон Камолов рӯзи 29-уми сентябр.

Мақомот то ба ҳол дар бораи қазияи Олима Камолова расман чизе нагуфтаанд. Як масъули Додгоҳи шаҳри Ваҳдат 29-уми сентябр бо шарти фош нашудани ном ба Радиои Озодӣ гуфт, "ба зидди Олима Камолова бо моддаи иштирок дар ҷангҳои кишварҳои бегона парванда кушода шудааст."

"Фардо сухани охири зан шунида мешавад ва сипас додрас барои қабули ҳукм ба хонаи машваратӣ меравад", -- афзуд мусоҳиби мо.

Олима Камолова моҳи январи соли гузашта бо навиштани номае аз мақомоти Тоҷикистон барои озодиаш аз зиндони Пули Чархӣ ёрӣ хоста буд. Дар нома, ки тавассути Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх фиристода шуд, Олима навиштааст: "Се моҳ пеш ба ҳукумати Афғонистон таслим шудам. Барои озодии ман кӯшиш кунед, тавассути сафорати Тоҷикистон дар Афғонистон."

Тақдири 3 фарзанди Олима, ки ҳамроҳи ӯ ба Тоҷикистон оварда шудаанд, номаълум аст. Наздикони ин сокини шаҳри Ваҳдат гуфтанд, онҳоро дар ятимхона нигоҳбин мекунанд.

Олима Камолова аз ҷумла даҳҳо зани тоҷик аст, ки пас аз зуҳури гуруҳи тундрави "Давлати исломӣ" ё ДОИШ ҳамроҳи шавҳару кӯдакони худ ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

Чанде аз ин занон аз сӯи додгоҳҳо дар Ироқ ба ҳукмҳои тӯлонӣ маҳкум шудаанд. Гуруҳи дигари занон баъд аз шикасти ДОИШ ба дасти нерӯҳои курд афтида, дар урдугоҳҳо дар Сурия нигоҳдорӣ мешаванд. Онҳо чанд дафъа аз шароити сангин дар паноҳгоҳҳо шикоят карда, аз давлати Тоҷикистон хостаанд, ба кишвар баргардонад. Мақомот гуфтаанд, ин кор вақт мехоҳад.

XS
SM
MD
LG