Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мирзиёв: Поккории марзи Тоҷикистон аз мина ҳосили "музокироти мушкил" бо Раҳмон буд


17-уми сентябри соли 2021, Душанбе. Мулоқоти президентони Тоҷикистону Узбекистон дар канори ҷаласаи сарони СҲШ
17-уми сентябри соли 2021, Душанбе. Мулоқоти президентони Тоҷикистону Узбекистон дар канори ҷаласаи сарони СҲШ

Президенти Узбекистон Шавкат Мирзиёев гуфтааст, баъди “музокироти мушкили” якунимсола бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон минаҳо дар марзи Тоҷикистону Узбекистон безарар карда шудаанд. Президенти Узбекистон дар ин бора 24-уми сентябр дар мулоқоташ бо интихобкунандагон дар вилояти Самарқанд изҳори назар кардааст. Ин як ҳолати камназир аст, ки раҳбари Узбекистон дар бораи минакорӣ шудани марз бо Тоҷикистони ҳамсояаш дар оғози солҳои 2000-ум ошкоро сӯҳбат кунад.

Мирзиёев номзадиашро ба интихоботи президентии моҳи октябри имсол пешбарӣ карда бори дуюм ҷӯёи курсии раёсатҷумҳурӣ мешавад. Ӯ дар мулоқот бо интихобкунандагон дар Самарқанд, ки макони зисти ҳазорҳо тоҷикон низ мебошад, ба навиштаи www.gazeta.uz гуфтааст, баъди музокироти мушкил ниҳоят ӯву Раҳмон "давоми се соат нишаста бо ҳам сӯҳбат кардаанд" ва дар ин мулоқот “99,9 фоийзи мушкилотеро, ки давоми 20 сол вуҷуд дошт, ҳал намуданд”. Мирзиёев зоҳиран аз ин беш сӯҳбат накардааст ва ҳам маълум нест, ки “мушкил” будани музокира дар чӣ ифода мешавад.

Вале мавзӯи минакорӣ шудани марз яке аз дардноктарин масъалаҳо барои Тоҷикистон буд, чун дар давоми 20 сол боиси куштаву захмӣ шудани беш аз 800 шаҳрванди Тоҷикистон, аз ҷумла кӯдакону занон гардид. Он замон президент Ислом Каримов гуфт, бо нигаронӣ аз хавфи гузаштани ҷангҷӯёни Ҳаракати Исломии Узбекистон марз бо Тоҷикистонро, ки тоза аз ҷанги шаҳрвандӣ раҳо шуда буд, минакорӣ мекунад, вале дар ин муддат аксар қурбониҳои ин қарор на ифротгароёну мусаллаҳон, балки сокинони мулкӣ буданд.

Шавкат Мирзиёев, ки соли 2016 баъди марги Каримов президент шуд, дар баробари тадбирҳои дигар, аз ҷумла, бо Тоҷикистон дар амри поккории минаҳои наздимарзӣ гурӯҳи корӣ таъсис дод.

XS
SM
MD
LG