Мақомоти Толибон аз ирсоли “ҳазорон" сарбози худ ба вилояти Тахори Афғонистон дар наздикии марзи Тоҷикистон хабар доданд.
Гуруҳи дар Тоҷикистон мамнуи Толибон, ки наздики ду моҳ боз бо тасарруфи Афғонистон эъломи таъсиси “Аморати исломӣ” кардааст, дар як ҳафтаи ахир ба вилоятҳои ҳаммарзи ин кишвар бо Тоҷикистон “ба хотири ҷилавгирӣ аз таҳдидҳои амниятӣ” нерӯ мефиристад.
Мақомоти тоҷик ирсоли “ҳазорон” нерӯ аз ҷониби Толибонро воҳима медонанд, вале мегӯянд, “талошҳои гуруҳҳои ифротӣ дар он сӯи марзро назорат доранд”.
Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, сухангӯи Толибон рӯзи 25-уми сентябр дар саҳифаи Твитери худ бо нашри акси мошинҳои низомӣ ва афроде дар либосҳои низомӣ аз ҷойгузин кардани “даҳ ҳазор аз нерӯҳои махсуси “Лашкари мансурии аморати исломӣ” бо ҳадафи ҷилавгирӣ аз “таҳдидҳои эҳтимолӣ” дар вилояти Тахор, ҳаммарз бо Тоҷикистон хабар додааст.
“Лашкари мансурии Аморати исломӣ” бештар афродеро дар бар мегирад, ки ба амалҳои маргталабона машғуланд. Ҳафтаи гузашта Толибон аз мустақар кардани ин нерӯ дар Бадахшони Афғонистон хабар нашр карда буданд.
Тоҷикистон аз камтарин кишварҳои ҳамсояи Афғонистон аст, ки ҳукумати Толибонро қабул надорад. Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон борҳо Толибонро барои амалкардҳояшон ва нодида гирифтани ҳаққи тоҷикон дар Афғонистон танқид кард. Мақомоти тоҷик низ ҷонибдории худро аз Ҷабҳаи муқовимат, ягона нерӯе, ки дар вилояти Панҷшер алайҳи Толибон ҷанг мекунад, пинҳон накардааст. Аз ин рӯ, бархе аз коршиносон, талошҳои Толибонро дар марзи Тоҷикистон маҳз ба мавқеи ин кишвар рабт медиҳанд.
Як мақоми нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон дар вилояти Бадахшон рӯзи 26-уми сентябр бо шарти зикр нашудани номаш гуфт, ки хабари “ҳазорон нерӯ” воҳима аст, вале онҳо он чиро, ки дар он сӯи марз мегузарад, бо ҷиддият пайгирӣ доранд.
“То ҷое мо медонем, ҳазорон нафар наомадааст, вале агар даҳ нафар ҳам ҷамъ шавад, мо ҳамчун таҳдид қабул мекунем ва омода мешавем. Марзбонони мо ба воҳимаву дуруғ ҳам дода намешаванд ва ҳақиқатро дида амал мекунанд”,--гуфт ӯ.
Аз ин пеш, мақомоти тоҷик гуфта буданд, аз омодагии бархе аз ҷангиёни тоҷику қафқозии зери назари Толибон барои вуруд ба хоки Тоҷикистон хабар дарёфт кардаанд. Толибон ин гуфтаро рад карданд ва гуфтанд, ба ҳеҷ гуруҳе иҷоза намедиҳанд, ки аз қаламрави Афғонистон вориди хоки кишвари ҳамсоя шаванд. Ба ҳарфи Толибон дар Тоҷикистон мақомот зоҳиран бовар надоранд ва тақвияти марзро ба маротиб пурзӯр кардаанд.
Тоҷикистон бо Афғонистон беш аз 1400 километр марзи муштарак дорад ва ахиран якҷо бо Русия ва кишварҳои дигари узви Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар ин ҷо машқҳои низомӣ баргузор карда, ба тақвияти дидбонии сарҳад машғул аст.
Толибон рӯзи 15-уми август бидуни ҷанг, пас аз фирори Ашраф Ғанӣ, президенти ин кишвар, Кобулро тасарруф карданд ва Афғонистонро “Аморати исломӣ” эълон карданд. Бо гузашти наздик ба ду моҳ ҳеҷ кишваре ҳукумати Толибонро ба расмият нашинохтааст.