Писари президенти Туркманистон ба синне расидааст, ки ба ӯ иҷозат медиҳад, то дар курсии раёсати ҷумҳурӣ бинишинад. Дар ҳамин ҳол, ниҳоди олии қонунгузории Туркманистон тасмим гирифтааст, дар остонаи ҷашни Рӯзи истиқлоли он кишвар ҷаласа баргузор кунад. Оё дар Туркманистон интиқоли қудрат ба "ворис" сурат мегирад?
ХАБАРҲО АЗ "ШОҲИГАРИИ ХИЛВАТНИШИНҲО"
Моҳи сентябр дар шаҳри Ишқобод (Ашхобод) якбора чанд маъракаи муҳим дар назар аст, ки метавонанд боиси ба миён омадани «хабарҳои бузург» дар ин «шоҳигарии хилватнишинҳо» шавад.
Туркманистон 27-уми сентябр Рӯзи истиқлоли давлатии худро ҷашн мегирад. Ҳамчунин дар ин рӯз ҷаласаи "Халқ Маслиҳатӣ" - ниҳоди олии қонунгузори он кишвар даъват шудааст. Ҳарчанд ҳамчун як ниҳоди давлатӣ нақши чандон муҳимро намебозад.
Сардор Бердимуҳаммадов, писари президенти Туркманистон Қурбонқулӣ Бердимуҳаммадов, чанд рӯз пеш, 22-юми сентябр 40-сола шуд. Бар асоси Конститутсияи Туркманистон, шахсоне метавонанд довталаби мақоми олии давлатии он кишвар шаванд, ки синнашон ба 40 расидааст.
Ба якдигар рост омадани ин маърака фикрҳоеро дар зеҳни одам эҷод мекунад. Зеро Бердимуҳаммадови хурдиро дер боз барои ҷойгузини падараш омода мекунанд.
Сардор Бердимуҳаммадов моҳи августи соли 2014 донишгоҳро хатм карда, моҳи ноябри соли 2016 дар натиҷаи як интихоботи пеш аз муҳлати эълоннашуда курсиеро дар порлумони Туркманистон соҳиб шуд. Сокинони Туркманистон замоне аз баргузор шудани интихобот хабардор шуданд, ки мақомот гуфтанд, Сардор Бердимуҳаммадов вакили порлумон шуд.
Дертар маълум гардид, вакиле, ки Бердимуҳаммадови хурдӣ ҷои ӯро гирифт, чанд рӯз пеш аз баргузории интихобот аз мақомаш истеъфо додааст.
Ӯ имрӯз ҳам вакили порлумони Туркманистон аст ва ҳамзамон мансаби муовини сарвазирии он кишварро дар ихтиёр дорад. Писари президенти Туркманистон баъди дубора вакили порлумон интихоб шудан дар соли 2018, дар мансабҳое адои вазифа кардааст, ки масъулиятҳои бузург доранд.
Бердимуҳаммадови хурдӣ дар вазифаҳои
муовини вазири умури хориҷӣ,
муовин ва раиси вилояти Ахал,
вазири саноат ва сохтмон,
муовини раиси Девони вазирон,
раиси палатаи олии назоратӣ ва дар
Шӯрои амнияти миллии Туркманистон кор кардааст.
Сардор Бердимуҳаммадов президенти Анҷумани парвариши сагҳои алабайи туркманӣ ва Анҷумани парвариши аспҳои ахалтекин низ ҳаст. Дар Туркманистон ин ҳайвонҳо ба рамзҳои муҳиме табдил ёфтаанд, ки барояшон ҳатто пайкара гузошта мешавад.
Расонаҳои давлатии Туркманистон аллакай чанд сол мешавад, ба шахсият ва фаъолияти Сардор Бердимуҳаммадов бештар таваҷҷуҳ мекунанд. Онҳо ахиран навиштанд, ки "бахти Туркманистон бо доштани чунин ҷавон хандидааст".
Писари Бердимуҳаммадов тобистони имсол раҳбарии ҳайати Туркманистонро дар Бозиҳои олимпии Токио ба зимма дошта, мураббии ифтихории мунтахаби Туркманистон буд, ки дар таърихи ин кишвар бори аввал медали олимпиро соҳиб шуд. Варзишгари туркманистонӣ Полина Гурева медали нуқра ба даст овард. Бино ба навиштаи расонаҳои давлатии Туркманистон, таъсири мусбати Бердимуҳаммадови хурдӣ ба варзишгар дар касби ҷоиза "мусоидат кардааст".
Шабакаҳои давлатии телевизионии Туркманистон пас аз баргаштани тими мунтахаб аз Токио тақдими мукофот – мошини навъи Лексус – аз сӯи Бердимуҳаммадов ба варзишгарро ҳам намоиш доданд.
САРДОР – ДАР ҲАМА ҶО
Сардор Бердимуҳаммадовро дафъаҳои охир дар шабакаҳои телевизионӣ ҳангоми додани ҷоизаву мукофот ба варзтишгарону ҳунармандон, боздид аз мактабу суҳбат бо хонандагон бештар намоиш медиҳанд.
Замоне дар телевизионҳои давлатии Туркманистон хабарҳо танҳо дар бораи падари Сардор буд, вале тавре ҳоло мушоҳида мешавад, мавзӯи асосии расонаҳо худи Сардор шудааст.
Дар ягон ҷо хабаре нашр нашудааст, ки гуё дар Рӯзи истиқлоли Туркманистон кадом ҳодисаи "ғайриодӣ"-е рух хоҳад дод. Ин суханҳо дар ҳоли ҳозир, пеш аз ҳама дар пайи сарусадоҳо дар бораи бад шудани вазъи сиҳатии президенти Туркманистон танҳо як пешбинӣ ҳастанд.
Ба миён омадани сарусадоҳо дар бораи бад шудани вазъи саломатӣ марбут ба ҳамаи раҳбарони кишварҳои Осиёи Марказӣ аст. Дар бештари маврид пушти ин сарусадоҳо умеди мардуме аст, ки мехоҳанд, аз зулму истибдод халос шаванд. Вале Бердимуҳаммадови калонӣ аз бемории қанд ранҷ мекашад ва нопадидшавии ӯ аз назари мардум дар тобистони соли 2019 ба муҳлати як моҳ исбот кард, ки вазъи саломати вай, сарфи назар аз нашри аксу видеоҳои гуногун аз дучархаронию машғулшавияш ба навъҳои дигари варзиш, бад мешавад.
Сардор Бердимуҳаммадов ба таври ошкор ва бо суръати баланд ба мақоми олии раҳбарии кишвар наздик мешавад. Танҳо суол ин аст, ки ӯ ба ин мақом кай ва чӣ гуна таъйин мешавад.
Бинобар ин, баргузор шудани ҷаласаи "Халқ Маслиҳатӣ" дар арафаи ҷашни Рӯзи истиқлоли Туркманистон аз ҳар вақта дида алъон таваҷҷуҳи бештарро ҷалб кардааст.
"ДАСТОВАРДҲО"-И ПЕШИНИ "ХАЛҚ МАСЛИҲАТӢ"
Пеш аз чизе гуфтан дар бораи "Халқ Маслиҳатӣ" бояд зикр кард, ки 27-уми сентябр дар асл Рӯзи истиқлоли давлатии Туркманистон нест. Ин рӯз ҳадди ақал то соли 2018 ид набуд.
27-уми сентябр солгарди охирин рӯзи мусобиқаи байналмилалӣ – Бозиҳои осиёӣ дар иншооти пӯшида ва ҳунарҳои размӣ аст, ки соли 2017 дар Туркманистон баргузор шуд. Ин чорабинии даҳрӯзае буд, ки ҳукумати Туркманистон ба он хеле харҷ кард.
Рӯзи истиқлоли Туркманистон аз соли 1991 то 2017-ум 27-уми октябр таҷлил мешуд. Дар асл ҷаласаи "Халқ Маслиҳатӣ"-и Туркманистон зарур нест, ки дар арафаи Рӯзи истиқлоли он кишвар баргузор шавад. Бинобар ин, ҷаласаи қарибулвуқуъ ҳангомабарангез шудааст.
Вақте дар Туркманистон бихоҳанд, қарори ҷиддиеро расонаӣ кунанд, он дар ҷаласаи "Халқ Маслиҳатӣ" эълом хоҳад шуд. Маҳз "Халқ Маслиҳатӣ" дар моҳи сентябри соли 1996 даъват кард, ки раисҷумҳури пешини Туркманистон, Сафармурод Ниёзов, роҳбари якумрии ин кишвар эълон карда шавад.
Ниёзов ин пешниҳодро напазируфт. Бо вуҷуди ин, "Халқ Маслиҳатӣ" моҳи декабри соли 1999 ба ҷонибдорӣ аз президенти якумрӣ эълон кардани Сафармурод Ниёзов ройгирӣ карда, ба ӯ ҷомаи сафед пӯшонд ва асое аз чӯби хурмо – рамзҳои паёмбар Муҳаммадро тақдим намуд. Ҳамчунин ӯ бо медали тилои тозаи сафед "Барои муҳаббат ба Туркманистони мустақил" сарфароз гардонида шуд.
"Халқ Маслиҳатӣ" моҳи августи соли 2002 пешниҳоди Ниёзовро дар бораи тағйири номгузории рӯзҳои ҳафта ва моҳҳо пуштибонӣ кард. Ин ниҳод борҳо дархости истеъфои Сафармурод Ниёзовро аз мансаби президенти Туркманистон ва пешниҳодҳои ӯ дар бораи баргузор кардани интихоботи нави президентӣ рад кардааст.
"Халқ Маслиҳатӣ" барканории раиси порлумони Туркманистон Овозкелдӣ Отаевро дар моҳи декабри соли 2006, баъди вафоти Ниёзов қабул кард. Бар асоси Конститутсия, Отаев пас аз даргузашти Ниёзов бояд президенти Туркманистон мешуд.
Бердимуҳаммадов соли 2008 "Халқ Маслиҳатӣ"-ро пароканда эълон кард, вале дар соли 2017 онро дубора "зинда" карда, ба он мақоми ниҳоди олии қонунгузорро дод. Ҳамин ниҳод соли 2018 санаи Рӯзи истиқлоли давлатии Туркманистонро аз 27-уми октябр ба 27-уми сентябр тағйир дода, имтиёзҳои сокинон – барқу об ва гази бепулро, ки аз замони ба даст овардани истиқлол дар он кишвар соҳиб шуда буданд, аз байн бурд.
Имсол низ барои баргузор кардани саҳначаи навбатии театрии сиёсӣ ҳама чиз омодааст ва ин бор он дар Рӯзи истиқлоли Туркманистон намоиш дода хоҳад шуд. Ҳоло нозиронро мебояд, то Рӯзи истиқлоли Туркманистон мунтазир бимонанд, ки пешбиниҳои онҳо ба воқеият табдил хоҳад ёфт ё не. Барои онҳое, ки тақвими туркмании соли 2002-ро истифода мебаранд, "Баш гюн, 27-уми Рухнома" аст.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: