Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳоҷирону танфурӯшонро дар Туркманистон маҷбурӣ ба пахтачинӣ мебаранд


Ҷамъоварии ҳосили пахта дар Туркманистон. Моҳи ноябри соли 2020
Ҷамъоварии ҳосили пахта дар Туркманистон. Моҳи ноябри соли 2020

Маъмурони вилояти Балкани Туркманистон муҳоҷирон, қарздорон аз алимент, муътодони нӯшокиҳои спиртӣ ва танфурӯшонеро, ки дар рӯйхат қарор доранд, маҷбурӣ ба пахтазорҳо мефиристанд.

Бино ба гузориши бахши туркмании Радиои Озодӣ, маъмурони пулис ин афродро барои суҳбат ба шуъба даъват карда, аз онҳо талаб мекунанд, ки дар ҷамъоварии пахта “саҳм гузоранд”.

"Онҳоро маҷбурӣ ба пахтазорҳои хоҷагиҳои деҳқонии ноҳияҳои Баракат ва Сардор, аз ҷумла ба хоҷагиҳои "Озодӣ", "Ёшлик" ва "Сарп" мефиристанд", - гуфтааст манбаи радио.

Ба қавли ҳамсуҳбати бахши туркмании Радиои Озодӣ, пулис ин иқдоми худро ҳамчун "корҳои ислоҳӣ" арзёбӣ мекунад.

Тибқи нақша, имсол дар Туркманистон бояд 1 миллиону 250 ҳазор тонна пахта ҷамъ биоранд. Созмонҳои байнулмилалии ҳомиии ҳуқуқ мақомоти Туркманистонро пайваста барои ҷалби иҷбории сокинон ба пахтачинӣ танқид мекунанд.

XS
SM
MD
LG