Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, номаеро, ки аз сӯи "Толибон" ба ин созмон фиристода шудааст, баррасӣ мекунад. "Толибон" дар нома Суҳайл Шоҳин, сухангӯи пешини дафтари сиёсиашонро дар Қатар ҳамчун намояндаи доимӣ дар СММ пешниҳод кардаанд. Олмон ба ин нома ба таври ошкоро мухолифат кард.
Дар номаи "Толибон" ба СММ, аз дабири кулли созмон хоста шуд, то ба ин гуруҳ барои иштирок дар баҳсҳои сатҳи баланд иҷоза дода шавад. "Толибон" хостаанд, то як намоянда аз сӯйи ин гурӯҳ дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии СММ суханронӣ кунад.
Ҳайко Маас, вазири корҳои хориҷии Олмон, гуфтааст, ки ҳузури "Толибон" дар нишасти Созмони Милали Муттаҳид беҳадаф аст. Вай рӯзи 22-юми сентябр ба хабарнигорон дар Ню-Йорк гуфт, ин талаб вақте иҷро шуда метавонад, ки дархостҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ аз сӯи "Толибон" амалӣ шавад.
"Фикр намекунам, ҳузури онҳо дар СММ муассир бошад. Хости муҳим ҳамин аст, ки мо аз "Толибон" дорем -- ҳуқуқи башар ва ба вижа ҳуқуқи занон риоя шавад, ҳукумати ҳамашумул рӯи кор ояд. Ҳақиқати дигар ин аст, ки "Толибон" ба сурати ошкор аз гурӯҳҳои террористӣ дурӣ ҷӯянд. Фосилаи ҳақиқӣ, на ин ки дар сухан бошад", -- гуфтааст вазири корҳои хориҷии Олмон.
Гуруҳи "Толибон" рӯзи 15-уми август пас аз фирори президент Ашраф Ғанӣ бе ҳеч даргирӣ вориди Кобул шуданд. Онҳо ҳудуди се ҳафта пеш ҳукумати худро эълон карданд, аммо ҳанӯз аз суи ҳеч кишвар ба расмият шинохта нашудааст.
Бо ин ҳам, котиботи Созмони Милали Муттаҳид гуфтааст, номаи "Толибон"-ро ба Кумитаи арзёбиҳо супурдааст.
Амрико, ки узвият дар ин кумитаи Созмони Милали Муттаҳидро дорад, гуфтааст, аз хости "Толибон" огоҳӣ доранд, аммо пеш аз вақт гуфта наметавонанд, ки Кумитаи арзёбиҳо дар мавриди номаи онҳо чӣ тасмим мегирад.
Дар номаи "Толибон" ба СММ гуфта шудааст, ки Муҳаммадғулом Исҳоқзай дигар аз Афғонистон дар ин созмон намояндагӣ намекунад. Аз ҷониби дигар, як нома аз Муҳаммадғулом Исҳоқзай ба дабири кулли СММ расидааст ва ӯ хостори суханронӣ дар нишасти солонаи Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид шудааст.
Барои Афғонистон рӯзи душанбеи ҳафтаи оянда дар нишасти солонаи СММ фурсати суханронӣ дода шудааст. Душанбе охирин рӯзи нишасти имсолаи Маҷмаи умумии СММ хоҳад буд. Аммо то кунун маълум нест, ки дар ин рӯз кӣ ба намояндагӣ аз Афғонистон суханронӣ хоҳад кард -- намояндаи ҳукумати пешини Афғонистон ё "Толибон"?
Дар ҳамин ҳол, тибқи гузоришҳо, Непал иштироки намояндаҳои "Толибон"-ро дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои SAARC рад кардааст. Непал дар ҳоли ҳозир раёсати давраии Созмони ҳамкориҳои ҷануби Осиёро (SAARC) ба дӯш дорад ва пешниҳод барои иштироки намояндаҳои "Толибон" дар нишасти оянда аз сӯи Покистон матраҳ шуда буд.
То кунун Исломобод расман ин хабарро тасдиқ накардааст, ки чӣ вақт иштироки "Толибон"-ро дар нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони ҳамкориҳои ҷануби Осиё матраҳ кардааст.
Ҳинд, Покистон, Непал, Бангладеш, Бутан, Малдив, Сри-Ланка ва Афғонистон аъзои Созмони ҳамкориҳои ҷануби Осиё ҳастанд. Интизор мерафт, нишасти вазирони корҳои хориҷии Созмони ҳамкориҳои ҷануби Осиё рӯзи шанбе дар Ню-Йорк баргузор шавад, аммо баъзе аз расонаҳо аз бекор шудани он хабар доданд.
Аз ин пеш хабарҳо нашр шуда буд, ки Тоҷикистон ба иштироки "Толибон" дар нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой мухолифат кардааст. Мақомоти Тоҷикистон то кунун дар ин бора ҷузъиёт надоданд. Аммо гуфта шуда буд, ки гуё чунин пешниҳодро Покистон матраҳ кардааст. Исломобод аз пуштибонҳои гурӯҳи "Толибон" дониста мешавад. Нишасти Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой рӯзи 17-уми сентябр дар Душанбе баргузор шуд.