Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрон Хон, нахуствазири Покистон ба Душанбе омад


Имрон Хон. Акс аз моҳи июни 2021
Имрон Хон. Акс аз моҳи июни 2021

Имрон Хон, нахуствазири Покистон, рӯзи 16-уми сентябр ба шаҳри Душанбе омад. Ба гуфтаи мақомот, ӯ 17-уми сентябр дар ҷаласаи сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой иштирок мекунад. Мулоқоти ҷудогонааш бо раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон низ дар назар аст. Манобеи Радиои Озодӣ қаблан гуфта буданд, мавзӯи калидии гуфтугӯҳои Раҳмон бо нахуствазири Покистон ва вазири корҳои хориҷии он кишвар Шоҳ Маҳмуд Қурайшӣ вазъи Афғонистон ва ба сари кор омадани гурӯҳи усулгарои исломии "Толибон" хоҳад буд. Дар ҳоле ки Покистонро пуштибони ин гурӯҳ меноманд, Тоҷикистон гуфтааст, ҳукуматеро эътироф хоҳад кард, ки тоҷикон дар он ҷойгоҳи шоиста дошта бошанд. Дар сафари раҳбарони Покистон ба Тоҷикистон имзои як баста санадҳои ҳамкорӣ дар назар аст. Инчунин, бояд ҷаласаи чоруми Шӯрои кории Тоҷикистону Покистон барпо шавад.

XS
SM
MD
LG