Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ислом Анварзода дар Душанбе "пайдо шуд". Парванда баста мемонад ё таҳқиқ идома мекунад?


Ислом Анварзода. Акс аз бойгонӣ
Ислом Анварзода. Акс аз бойгонӣ

Ислом Анварзода, муовини пешини додситон (прокурор)-и ноҳияи Фирдавсии Душанбе ва писари тоҷири шинохта Анвар Қурбонов, ки қаблан бо сабаби набуданаш дар кишвар парвандаи ҷиноӣ нисбат ба ӯ боздошта шуда буд, дар Душанбе "пайдо шудааст". Моҳи августи соли 2020 дар садамаи мошини ӯ овозхони тоҷикБаҳром Ғафурӣ ҷон бохт.

"Дар Русия буд, баргашт"?

Ба гуфтаи баъзе аз дӯстонаш, Ислом Анварзода тақрибан як сол дар Русия буд ва нав ба кишвар баргаштааст.

Дар наворе, ки рӯзи 14-уми сентябр дастраси Радиои Озодӣ шуд, як шахси монанд ба Ислом Анварзода дар дӯкони фурӯши телефонҳо нисбат ба духтаре бадрафторӣ мекунад. Ӯ аз мӯйи сари духтар дошта, ба пешу пас тела медиҳад ва бо ҳамон тарз аз дохили дӯкон ба берун мебарад.

Чанде аз шоҳидон ва шахсе, ки наворро сабт кардааст, ба Радиои Озодӣ гуфтанд, ҳодиса 2-юми сентябр рух дода, “Ислом Анварзода духтарро дар берун низ латукӯб мекунад”.

Талошҳои мо барои ёфтани Анварзода ва наздиконаш то ин дам бенатиҷа буд.

Дар навор лаҳзаи латукӯб дида намешавад, вале дида мешавад, ки дасти чапи Ислом Анварзода дар бараш овехтааст ва танҳо бо дасти рост мӯйи сари духтарро мекашад. Духтар ба ин муқобилият нишон намедиҳад. Пештар пизишкон гуфта буданд, дасти чапи муовини собиқи додситонро буридаанд ва аз чанд ҷойи пояш низ ҷарроҳӣ шудааст. Шоҳидон гуфтанд, вазъи саломати ӯ хуб ба назар мерасид.

Дар Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфтанд, дар бораи ин ҳодиса касе ба онҳо шикоят накардааст.

Духтар гуфт, ҳеч даъво надорад

Радиои Озодӣ шахсияти духтарро маълум кард. Аз ӯ, ки бо далели ахлоқӣ ном намебарем, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, "нисбат ба ин мард ҳеч шикоят надорад."

Ӯ дар тамоси хаттӣ латукӯб шуданашро рад кард ва гуфт: "Бо ман тақрибан даҳ рӯз пеш дар “Дом печат” як ҳодиса рух дода буд. Шавҳаршавандаам омада, маро ба хона бурд. Бе иҷозат ба берун баромада будам." "Нисбат ба касе даъво надорам", -- батакрор мегуфт ин духтари ҷавон.

Ин дар ҳолест, ки нисбат ба Ислом Анварзода парвандаи ҷиноӣ вуҷуд дорад. Вай бар асоси қисми 4-и моддаи 212-и Кодекси ҷиноӣ", яъне садамае, ки боис ба маҷрӯҳ ва ҳалокати одамон шудааст", муттаҳам мешавад.

Додситонии кулли Тоҷикистон қаблан гуфта буд, ки тафтиши парвандаи Ислом Анварзода аз “10-уми октябри соли 2020, бинобар дар ҳолати бемории вазнин қарор доштан” бар асоси “сархати 3-и қисми 1-и моддаи 230-и Кодекси мурофиавии ҷиноятии Тоҷикистон боздошта шудааст”. Ин банди Кодекс дар ҳоле татбиқ мешавад, ки бе ҳузури айбдоршаванда давом додани тафтиш ғайриимкон аст.

Дар Додситонии кулли Тоҷикистон шарҳ надоданд, ки ҳоло ин парванда дубора тафтиш мешавад ё на.

Садамае, ки дар он Баҳром Ғафурӣ, сарояндаи эстрадаи тоҷик, ҳалок шуд, сару садо ба по кард ва ҳаводоронаш хостори муҷозоти гунаҳкорони ҳодиса шуданд, вале бо гузашти як сол ҷузъиёти дигаре аз ин парванда равшан нашудааст.

Садамаҳои маргбор, вале бе "гунаҳкор"
Дар гузашта садамаҳое бо иштироки фарзандони мансабдорон ва ё худи мансабдорон то ба охир таҳқиқ нашудааст ва ё хулосаи додгоҳ бештар ба манфиати омилони садама будааст.
Фирӯз Холиқзода, ёвари додситони ноҳияи Сино, ки охири моҳи сентябри соли 2014 як зани роҳрӯбро пахш карда, ба ҳалокат расонд, пас аз се моҳи боздошт, афв ва раҳо гашт.
Фарзанди мансабдороне ба мисли Амонуллоҳи Ҳукуматуллоҳ, раиси собиқи ширкати Роҳи оҳан ва Нусратулло Абдуллоев, раиси пешини Додгоҳи олии Тоҷикистон низ дар садамаҳое, ки боис ба ҳалокати одамон мешаванд, гумонбар буданд, вале дар ниҳоят парвандаҳои онҳо то ба додгоҳ нарасид.
Соли 2016 дар садамае бо иштироки Фаромуз Саидов, писари Давлаталӣ Саид, муовини аввали нахуствазири Тоҷикистон, ду нафар ҳалок шуд, вале дар охир садамаро “камбудии техникӣ” номиданд.
XS
SM
MD
LG