Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мақомоти Тоҷикистон шаҳрванди Қирғизистонро шартан озод кардаанд


Парчами Тоҷикистону Қирғизистон
Парчами Тоҷикистону Қирғизистон

Шаҳрванди Қирғизистон Кубаничбек Акматов, ки бо гумони фурӯши шираи камол аз сӯйи мақомоти Тоҷикистон боздошт шуда буд, бо шарти берун нарафтан аз маҳалли зист озод шудааст.

Абдилаҳат Акматов, падари боздоштшуда, дар суҳбати телефонӣ гуфт, писараш дар шаҳри Хуҷанди Тоҷикистон дар ҳабси хонагӣ аст. "Тавассути телефон бо писарам суҳбат кардам. Барояш ҳуҷҷат ва либос фиристодам", -- гуфт Акматов.

Расонаҳо рӯзи 6-уми сентябр хабар доданд, ки кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон Кубаничбек Акматов - сокини вилояти Бодканди Қирғизистонро боздошт кардаанд.

Ба иттилои пешакӣ, Акматов дар минтақаи байнимарзӣ дар наздикии деҳаи Уч-Добои вилояти Бодканд дастгир шудааст. Вай аз кӯҳҳои Қирғизистон шираи камол ҷамъ оварда буд. Мақомоти Тоҷикистон Акматовро дар фурӯши шираи камол ба шаҳрвандони Тоҷикистон гунаҳкор мекунанд.

"Ҳангоми боздошт аз шаҳрванди Қирғизистон 100 кило шираи камол пайдо шудааст. Дар фурсатҳои наздик барои баргардондани шаҳрванди боздоштшуда гуфтугӯ сурат мегирад", - хабар медиҳанд мақомоти Қирғизистон.

XS
SM
MD
LG