Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Душанбе нишасти муштараки СҲШ ва СПАД оид ба вазъи Афғонистон баргузор мешавад


Раҳбарони баъзе аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой. Аз бойгонӣ
Раҳбарони баъзе аз кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой. Аз бойгонӣ

Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон хабар дод, ки бори аввал роҳбарони Созмони Ҳамкории Шонгҳой (ШОС) ва Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ (ОДКБ) дар Душанбе мулоқот мекунанд. Ин дидор 17-уми сентябр баргузор шуда, мавзӯи асосии он вазъияти Афғонистон аст. Қарор аст, дар нишаст роҳбарони 12 кишвари минтақа ҳузурӣ ва онлайн ширкат кунанд.

Бар асоси эълони Вазорати корҳои хориҷӣ, интизор меравад, 16-уми сентябр роҳбарони Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ дар Душанбе бо ҳам гуфтугӯ кунанд.

Барои ширкат дар ин дидор, Владимир Путин – раиси ҷумҳурии Русия, Александр Лукашенко – президенти Беларус, Никол Пашинян – нахуствазири Арманистон, Қосимҷомарт Тоқаев – раиси ҷумҳурии Қазоқистон, Содир Ҷабборов – раиси ҷумҳурии Қирғизистон ва котиби генералии СПАД – Станислав Зас ба Душанбе меоянд. Расонаҳо менависанд, вазъи Афғонистон аз мавзуъҳои асосии суҳбат хоҳад буд.

Созмони Паймони Амнияти Дастҷамъӣ як созмони зери назари Русия мебошад. Баъди ба қудрат расидани "Толибон" дар Афғонистон, нигаронӣ аз он сӯйи марз барои кишварҳои узви СПАД, бахусус Тоҷикистон, бештар шудааст.

Нишасти дувуми минтақаӣ, ки ин ҳафта дар Душанбе баргузор мешавад, вохӯрии сарони кишварҳои узви Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой аст. Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон мегӯяд, дар ин нишаст бар иловаи роҳбарони Тоҷикистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Русия ва Беларус, ҳамчунин, роҳбарони Ҳиндустон, Покистон, Чин, Эрон, Муғулистон, Туркманистон ва Узбекистон ширкат мекунанд.

Аз инҳо роҳбарони Чин, Ҳиндустон ва Муғулистон ба тарзи онлайн дар мулоқот иштирок хоҳанд кард. Ҳанӯз маълум нест, аз Афғонистон касе иштирок хоҳад кард ё не.

Бар асоси эълони расмии мақомоти Тоҷикистон, Имрон Хон, нахуствазири Покистон, барои ширкат дар дидори роҳбарони СҲШ ба Душанбе меояд.

Сафари ӯ дар ҳоле сурат мегирад, ки даҳҳо корбари тоҷики шабакаҳои иҷтимоӣ мухолифи сафари Имрон Хон ба Душанбе шуданд. Онҳо мегӯянд, Покистон ба нерӯҳои Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер ҳамлаи ҳавоӣ кардааст ва баъд аз чунин кор омадани Имрон Хон ба Душанбе дуруст нест. Ҳарчанд мақомоти Покистон ҳамлаи ҳавопаймоҳои бесарнишини ин кишвар ба мавзеи нерӯҳои Ҷабҳаи муқовиматро рад кардааст.

Ҳамчунин бори аввал Иброҳим Раисӣ ба ҳайси раиси ҷумҳурии Эрон ба Тоҷикистон сафар хоҳад кард. Дар хабари Вазорати корҳои хориҷии Тоҷикистон омадааст, интизор меравад, дар поёни ҷаласаи роҳбарони Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой раванди қабули Ҷумҳурии исломии Эрон ба узвияти ин созмон оғоз шавад.

Эрон солҳо боз дар СҲШ ба ҳайси кишвари нозир аст ва талош дорад, ба узвияти ин созмони минтақаӣ, ки ду кишвари муҳими минтақа Русия ва Чинро дарбар мегирад, ворид шавад. Дар гузашта мақомоти Теҳрон гуфтанд, раванди қабули Эрон ба Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой бинобар мухолифати баъзе аз кишварҳо ба таъхир уфтод.

Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой 20 сол қабл таъсис ёфтааст. Роҳбарони созмон дар шароите бо ҳам дидор мекунанд, ки миёнашон ихтилоф бар сари мавзӯи Афғонистон зиёд шудааст. Аз ҷумла, Чин ва Узбекистон ба ҳукумати таъсисдодаи “Толибон” мароқ зоҳир кардаанд ва аз он истиқбол мекунанд. Аммо Тоҷикистон ҷиддан мухолифи ин ҳукумат аст ва мегӯяд, бояд дар Кобул ҳукумати фарогир бо ҳузури ҳама ақвом, аз ҷумла тоҷикони Афғонистон, ташкил шавад.

XS
SM
MD
LG