Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Панҷшеру Афғонистонро танҳо нагузоред" - раҳпаймоии тоҷикони ИМА


Акс аз саҳифаи Фейсбуки журналисти тоҷик Абдураҳими Умариён гирифта шудааст
Акс аз саҳифаи Фейсбуки журналисти тоҷик Абдураҳими Умариён гирифта шудааст

Ҷамъияти тоҷикистониҳои ИМА рӯзи 10-уми сентябр дар шаҳри Ню-Йорк дар назди СММ бо даъват ба сулҳ дар Афғонистон таҷаммӯъ карданд. Абдураҳим Умариён, журналисти тоҷик ва яке аз ташаббускорони ин раҳпаймоӣ дар саҳифаи Фейсбуки худ саҳнаҳои ба сӯи қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк қадам задани гурӯҳи фаъолони тоҷики муқими ин шаҳрро намоиш дод, ки дар даст шиору навиштаҷоти мисли «Сулҳ ба Афғонистон», «Аҳмад Масъуд ва Панҷшерро бо «Толибон»-и террорист танҳо нагузоред», «Адолат дар Панҷшер» доштанд.

Шиори «Ҳаёти панҷшериҳо ҳам муҳим аст», ки дар дасти яке аз ширкатдорони ин раҳпамоӣ буд, ишора ба даъвати ду соли охир дар ҷомеаи Амрико мекард, ки дар робита бо поймолшавии ҳуқуқи африқоитаборон дар ИМА «Ҳаёти сиёҳпӯстон муҳим аст» («Black life’s matter”) пайдо шуд.

Акси ширкатдорони раҳпаймоии тоҷикистониҳои Ню-Йорк ба ҳимояти Панҷшер ва Афғонистон аз саҳифаи фейсбукии Абдураҳими Умариён
Акси ширкатдорони раҳпаймоии тоҷикистониҳои Ню-Йорк ба ҳимояти Панҷшер ва Афғонистон аз саҳифаи фейсбукии Абдураҳими Умариён

Бархе ширкатдорони ин раҳпаймоӣ парчами Тоҷикистонро дар даст доштанд. Ин нахустин гирдиҳамоии як гурӯҳи ҷомеаи тоҷикистониҳо дар хориҷи кишвар ба ҳимоят аз Афғонистон мебошад. Ҳукумати Тоҷикистон гуфтааст, ки ба ҳеҷ сурат ҳукумати «Толибон»-ро эътироф намекунад.

Сари кор омадани гурӯҳи «Толибон» дар Афғонистон дар миёнаҳои моҳи августи имсол, ки аз ҷониби СММ ва аксар кишварҳои ҷаҳон мамнӯъ ва террористӣ шинохта шудааст, боиси эҷоди нигарониҳои ҷиддӣ аз ояндаи ин кишвар ҷангзада шуд. Муқовимати Ҷабҳаи миллӣ ба раҳбарии Аҳмад Масъуд дар водии Панҷшер бо ҷангиёни Толибон 10 рӯз аст идома дорад ва интиқодҳо аз СММ ва бархе кишварҳо то рафт баландтар садо медиҳад, ки афғонистонистони сулҳхоҳро бо таҳдиди «Толибон» танҳо гузоштаанд. «Толибон» дар замони ҳукмронии солҳои 1996-2001 шеваи бисёр сахту бераҳмонаи раҳбариро пеша карда, аз ҷумла, ба хушунату куштор бар асоси адовати қавмӣ гунаҳгор даст мезаданд. Ҳоло ҳам бо омадани «Толибон» хабарҳо аз хушунатҳо мерасанд.

XS
SM
MD
LG