Бо вуҷуди тирандозиву шаллоқзанӣ, тазоҳуроти занони афғон ба зидди “Толибон” зиёд мешавад. Онҳо бо талаби ҳимояти ҳуқуқи хеш ба хиёбонҳо мерезанд ва аз ҷангҷӯёни “Толиб” ҳам наметарсанд. “Толибон” бо ҳам бо зӯроварӣ посух медиҳанд. Рӯзи 7-уми сентябр як тазоҳуроти бузурги занонро дар Кобул бо тирандозӣ ба ҳаво пароканда карданд.
Рӯзи 8-уми сентябр тазоҳуроти занон, ки “Толибон” онҳоро аз бисёре ҳуқуқи инсониашон маҳрум кардаанд, дар шаҳрҳои Ҳирот, Мазори Шариф ва Кундуз сурат гирифт.
Яке аз тазоҳургарон гуфт: “Ин мардум аслан инсоф надоранд, инҳо инсон нестанд. Ба мо ҳаққи тазоҳурот намедиҳанд. Ин мардум мусулмон нестанд, кофир ҳастанд.”
Тазоҳургарон ба зидди Покистон ҳам шиор медоданд, чун ба қавли онҳо, ISI хадамоти ҷосусиаш ба Толибон кумак мекунанд.
Яке аз тазоҳургарон гуфт: “Мо намехоҳем, ки ISI барои мо ҳукумат бисозад. Афғонистон, як кишвари мустақил, озод ҳаст ва ҳамеша мебошад. Мо ҳеч вақт хоҳони ҳузури Покистон дар кишварамон нестем. Покистон аз Афғонистон берун шавад ва мудохилаи худро бас кунад.”
Тазоҳурот на танҳо дар Кобул, дар Мазори Шариф ҳам буд. Радиои Озодӣ бо Фаришта Мувоҳид, яке аз тазоҳургарон суҳбат кард.
Ӯ гуфт: “Имшаб мо бо як гуруҳи хонумон гуфтем, ки баробари чодари мо агар як ҷой ҳам бошад, бояд аз он дифоъ кунем. Ман худам ду тифл дорам ва ду тифли худро қурбони ин ватан мекунам. Худро қурбони ин ватан мекунам. Вақте ин қадар ҷавонони мо шаҳид мешаванд, чаро ман шаҳид нашавам? Аз он ки ҳазорон ҷавонони мо ба ин ҳол гирифтор шудаанд, мо бояд ҳоло тазоҳурот кунем.”
Фаришта мегӯяд, “Толибон” корхонаи либосдӯзиашро бастанд.
“Худатон бубинед, як хонуме, ки дар чандин ҷой кор мекард, имрӯз дар хона нишастааст. Пас, ба мисли ман чӣ қадар хонумҳои дигар дар хона аст. Тақрибан 15 оила ҳамроҳи ман кор мекарданд. Танҳо дар як бахш кор мекарданд. Он 15 оиларо ман рӯзи панҷшанбе ҷавоб додам, ҳамаашон дар хона нишастаанд”, -- афзуд ӯ.
Гузориши видеоиро дар инҷо бинед:
Тазоҳурот рӯзи 8-уми сентябр дар Кобул идома кард ва ин видеояш ба дасти Радиои Озодӣ расид. Дар шаҳри Кундуз гуруҳе аз занони бурқапӯш ба нишони ҳимоят аз “Толибон” раҳпаймоӣ кардаанд.
Умеди Марзбон, хабарнигори Радиои Озодӣ, мегӯяд, ин насли занони афғон аз ҳуқуқи худ даст намекашад: “Он чӣ мо мебинем, баёнгари тағйиротест, ки Афғонистон дар 20 соли гузашта дошт, дастовардҳое, ки занони афғон аз онҳо мегӯянд. Мо онро дар кӯчаҳои Кобул мебинем, ки чӣ гуна занон далерона рӯ ба рӯи Толибон меистанду ҳаққи хешро талаб мекунанд. Онҳо ҷони худро дар хатар мегузоранд, шояд таъқиб шаванд, вале бо вуҷуди ин далерона ба кӯча мераванду, шиор медиҳанд ва ҳаққи худро талаб мекунанд.”
Тазоҳурот баъди он сурат гирифт, ки “Толибон” таркиби ҳукуматашонро эълон карданд, ки дар он ягон зан нест. Вазорати умури занонро аз байн бурданду вазорати амри маъруф ва наҳйи мункар таъсис доданд.