Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷангҷӯёни "Толибон" ду хабарнигори "Иттилооти рӯз"-ро дар Кобул задаанд. ВИДЕО


Неъмат Нақдӣ (чап) ва Тақӣ Дарёбӣ (рост), хабарнигорони "Иттилооти рӯз" мегӯянд, ки дар боздоштгоҳи "Толибон" латукӯб шуданд. 8-уми сентябри 2021
Неъмат Нақдӣ (чап) ва Тақӣ Дарёбӣ (рост), хабарнигорони "Иттилооти рӯз" мегӯянд, ки дар боздоштгоҳи "Толибон" латукӯб шуданд. 8-уми сентябри 2021

Нашрияи "Иттилооти рӯз" дар Афғонистон хабар дод, ки ҷангҷӯёни "Толибон" ду рӯзноманигори ин расонаро сахт задаанд.

Ба иттилои нашрия, нишонаҳое аз шаллоқ дар сару рӯй ва бадани Неъмат Нақдӣ ва Тақӣ Дарёбӣ мондааст.

Закӣ Дарёбӣ, мудири масъули "Иттилооти рӯз", гуфтааст, ҳамкоронаш ҳангоми бозтоби тазоҳуроти занон дар Кобул рӯзи 8-уми сентябр дастгир шуда, мавриди латукӯб қарор гирифтанд.

"Толибон" то кунун дар ин маврид шарҳе надодааст.

Ин гуруҳ рӯзи душанбе низ шуморе аз рӯзноманигоронро, ки машғули бозтоби роҳпаймоии садҳо норозӣ дар Кобул буданд, дастгир ва сипас озод кард.

Созмони Афви Байнулмилал рӯзи 6-уми сентябр гуфт, ба хотири гузоришҳо дар мавриди хушунати "Толибон" алайҳи эътирозгарони мусолиматомез ва рӯзноманигорон дар Кобул бисёр нигарон аст.

XS
SM
MD
LG