Ҷабҳаи муқовимати миллӣ дар Панҷшер хабар дод, ки теъдоди зиёде аз ҷангҷӯёни Толибонро дар муҳосира гирифтаанд.
Толибон иддао доранд, ки дар дараи Панҷшер пешравӣ кардаанд.
Фаҳими Даштӣ, сухангӯи Ҷабҳаи муқовимат дар саҳифаи Твитераш навишт, ки “Толибон бо далели инфиҷори кӯҳ аз ақибашон дар минтақаи Дашти Реват таҳти муҳосира қарор гирифта ва тамоми васоит ва таҷҳизоташон ба ҷо мондааст.” Ӯ афзудааст, ки даргирии шадид идома дорад ва ба гуфтаи ӯ, “ҳазорон террорист дар Париён муҳосира шудаанд.”
Билол Каримӣ, сухангӯи Толибон низ дар Твитераш навиштааст, ки чаҳор ноҳияи Панҷшерро тасарруф кардаанд.
Аз ин пеш, мақомоти Ҷабҳаи муқовимат гуфтанд, ки ба хотири ғофилгир кардани Толибон ақибнишинӣ карданд ва баъдан онҳоро дар муҳосира қарор доданд.
Ҳарду ҷониб аз талафоти зиёд ба ҳамдигар хабар медиҳанд.
Рӯзи гузашта бархе расонаҳо бо такя ба мақомоти Толибон хабар доданд, ки Панҷшер суқут кардааст. Аҳмад Масъуд ва дигар фармондеҳон суқути Панҷшерро рад карданд.
Толибон, ки рӯзи 15-уми август бидуни ҷанг Кобулро ишғол карданд, дар як ҳафтаи охир барои тасарруфи Панҷшер вориди ҷанг шудаанд. Ҳарду ҷониб иддао доранд, ки ба ҳамдигар талафоти сангин ворид карданд.
Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки аз ҷониби Толибон тасарруф нашудааст. Толибон рӯзи гузашта эълон карданд, ки музокира бо Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер натиҷа надодааст ва онҳо бо роҳи ҷанг вилоятро тасарруф хоҳанд кард. Ба гуфтаи масъулони Ҷабҳаи муқовимат, як ҳафта боз ҷанг дар Панҷшер давом дорад ва Толибон барқу алоқа ба ин вилоятро қатъ кардаанд.