Субҳи 4-уми сентябр ба як сайёҳӣ қатарӣ, ки бо нӯҳ паррандаи шоҳин аз Тоҷикистон қасди сафар ба Дубай ва аз он тариқ ба Қатарро дошт, дар фурудгоҳи Душанбе иҷозаи парвоз надоданд.
Муҳаммад Аляброудӣ, сайёҳе, ки дар фурудгоҳи Душанбе дармондааст, рӯзи 4-уми сентябр дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин паррандаҳое буданд, ки ҳамроҳ бо худ оварда буд ва мехост дубора онҳоро пас барад. Ӯ гуфт, ки масъулони Хадамоти гумрук ва марзбонӣ ба ӯ иҷозаи убурро доданд, вале бо далели номаълум кормандони фурудгоҳ ӯро иҷозаи парвоз надоданд.
Бархе мегӯянд, бо эҳтимоли зиёд ин сайёҳ шоҳинҳои пирро бо ҷавон иваз кардааст.
Ин сайёҳ гуфт, ки наздики нӯҳ ҳазор доллар аз ҳисоби истифода нашудани чипати ҳавопаймоӣ зиён дидааст. Ба гуфтаи ӯ, паррандаҳо шиноснома ва раводиди сафар ба Тоҷикистонро доранд.
Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе тасдиқ карданд, ки ба сайёҳи қатарӣ иҷозаи парвоз дода нашудааст, вале далели ин амалро шарҳ надоданд. Як тан аз масъулони фурудгоҳи Душанбе бидуни зикри номаш гуфт, онҳо бедалел ин корро накардаанд, аммо аз гуфтани далели худ худдорӣ кард.
Муҳаммад Аляброудӣ гуфт, чун Тоҷикистон худро кишвари сайёҳпазир муаррифӣ кардааст, моҳе пеш ҳамроҳ бо панҷ тан аз дӯстонаш ба ин кишвар омаданд.
"Мо натанҳо худамон, балки дигаронро низ ташвиқ мекардем, ки ба ин кишвар биоянд. Ҳоло панҷ ҳамроҳи дигарамон бояд парвоз кунанд, вале тарс доранд, ки ба онҳо низ чунин рафтор мешавад. Ба мо ҳеҷ шарҳ надоданд, ки мо чӣ мушкил дорем. Ҳама санадҳоямон дуруст аст ва ҳама мақомот, ба ҷуз фурудгоҳ иҷозаи беруншуданро дода буданд»,--гуфт ӯ.
Як тан аз ҳамроҳони ин сайёҳ бидуни зикри номаш ба Радиои Озодӣ гуфт, ки кормандони фурудгоҳ аз Муҳаммад Аляброудӣ зоҳиран ришва хостаанд, вале ӯ надодааст.
"Ҳоло пас аз шикояти ӯ тамоми санадҳоро тагу рӯ доранд, ки мушкиле пайдо кунанд. Дар асл тамоми санадҳо дуруст аст ва ҳеҷ ниҳоди дигари масъул шикояте надорад",--гуфт ӯ.
Масъули фурудгоҳ гуфт, пора хостани кормандон асоси воқеӣ надорад ва дуруғ аст.
Фаридун Ҳодизода, коршиноси тоҷик мегӯяд, то ҷое огоҳ ҳаст, қатариҳо шоҳинҳои пири худро ба Тоҷикистон меоранд ва бо шоҳинҳои ҷавон иваз мекунанд.
"То ҷое ман маълумот пайдо кардам, қатариҳо шоҳинҳои пирро ба Тоҷикистон меоранд ва бо шоҳинҳои ҷавон иваз мекунанд. Шоҳинро дар Катар бо нархи гарон мефурӯшанд. Дар Тоҷикистон ҳам як гурӯҳе амал мекунад, ки дар кочоқи шоҳин даст доранд. Вагарна бо нӯҳ шоҳин ба Тоҷикистон омадан чӣ маъно дорад?",--гуфт ӯ.
Сайёҳи қатарӣ ин иддаоро рад мекунад ва мегӯянд, иваз кардани шоҳин ғайриимкон аст, чун онҳо дар гумрук ҳангоми вуруд вазн кашида мешаванд ва дар пойҳояшон нишоне баста шудааст, ки онро дигар кардан мушкил аст.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Борҳо кочоқи паррандаи нодири шоҳин аз тариқи фурудгоҳи Душанбе гузориш шудааст, аммо ҳам сайёҳи араб ва ҳам мақомоти фурудгоҳ мегӯянд, ин паррандаҳо кочоқӣ нестанд.
Давоми беш аз як сол бо далели хуруҷи коронавирус сафари сайёҳон ба Тоҷикистон ба маротиб коҳиш ёфта буд. Бонки Осиёи Рушд пешбинӣ карда буд, ки эҳтимол зиёни молии ширкатҳои сайёҳии кишвар аз 0,3 то 0,8 миллион доллар шавад.
Дар гузашта низ саёҳон борҳо аз бархӯрди дурушти мақомоти тоҷик шикоят карда буданд. Созмонҳои байналмилалӣ низ бархурди нохуб ба саёҳони хориҷиро як омили коҳиши саёҳат ба Тоҷикистон медонанд.