Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сайёҳи қатариро нагузоштанд, ки аз Душанбе равад


Сайёҳи қатариро нагузоштанд, ки аз Душанбе равад
лутфан мунтазир бошед

Феълан кор намекунад

0:00 0:01:00 0:00

Субҳи 4-уми сентябр ба як сайёҳӣ қатарӣ, ки бо нӯҳ паррандаи шоҳин аз Тоҷикистон қасди сафар ба Дубай ва аз он тариқ ба Қатарро дошт, дар фурудгоҳи Душанбе иҷозаи парвоз надоданд.

Субҳи 4-уми сентябр ба як сайёҳӣ қатарӣ, ки бо нӯҳ паррандаи шоҳин аз Тоҷикистон қасди сафар ба Дубай ва аз он тариқ ба Қатарро дошт, дар фурудгоҳи Душанбе иҷозаи парвоз надоданд.
Муҳаммад Аляброудӣ, сайёҳе, ки дар фурудгоҳи Душанбе дармондааст, дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ин паррандаҳое буданд, ки ҳамроҳ бо худ оварда буд ва мехоҳад дубора онҳоро пас барад. Ӯ гуфт, ки масъулони Хадамоти гумрук ва марзбонӣ ба ӯ иҷозаи убурро доданд, вале бо далели номаълум кормандони фурудгоҳ ӯро иҷозаи парвоз надоданд.
Ин сайёҳ гуфт, ки наздики нӯҳ ҳазор доллар аз ҳисоби истифода нашудани чипати ҳавопаймоӣ зиён дидааст.
Дар фурудгоҳи шаҳри Душанбе тасдиқ карданд, ки ба сайёҳи қатарӣ иҷозаи парвоз дода нашудааст, вале далели ин амалро шарҳ надоданд. Як тан аз масъулони фурудгоҳи Душанбе бидуни зикри номаш гуфт, онҳо бедалел ин корро накардаанд, аммо аз гуфтани далел худдорӣ кард.

Бахшҳо

XS
SM
MD
LG