Баҳси як ҷавони тоҷик бо ширкати "Ёқут-2000"-ум, ки далели маҷрӯҳ шуданашро дар бетаваҷҷӯҳии раҳбарияти ширкат медонад, додгоҳӣ шуд.
Моҳи феврали имсол аз боми бинои 19-ошёнае дар Душанбе, ки сохтмонаш идома дорад, ба рӯйи пойҳои Сиёвуши 25-сола оҳанпора афтод ва ӯро аз чаҳор ангушту тавони роҳ гаштан маҳрум кард. Биноеро, ки оҳанпора аз онҷо афтодааст, ширкати “Ёқут-2000”-ум месозад. Дар ин ширкати сохтмонӣ гуфтанд, "ҳангоми таъмири бино, дар ҳудуди хатарнок лентаи огоҳкунанда гузошта будаанд, аммо Сиёвуш онро убур кардааст".