Занони фаъол дар Кобул рӯзи 3-уми сентябр барои ҳимоя аз ҳақашон эътироз карданд. Ин эътирозе замоне рух дод, ки Толибон гуфтанд, ки занҳо дар ҳукумати оянда саҳм нахоҳанд дошт.
Видеоро инҷо тамошо кунед:
Ҳадо Хамӯш, шоир, нависанда ва фаъоли ҳуқуқи зан дар Афғонистон ба Радиои Озодӣ гуфт, барои ҳимоя аз ҳақ ва ояндаашон эътироз карданд.
Онҳо дар даст шиорҳои “Ҷомеа бидуни зан мурда аст”, “Ҳуқуқи зан бояд поймол нашавад” ба тарафи бинои Арг, ҳукумати Афғонистон рафтанд.
Ҳадо Хамӯш, гуфт, ки Толибон эътирози онҳоро бозӯр пароканда кардааст. Ин гуруҳ рӯзи 15-уми август Кобулро тасарруф карданд ва гуфтанд, ки ба занҳо дар ҳукумат мақом намедиҳанд.
ИНЧУНИН, БИХОНЕД: