Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмад Масъуд хабари суқути Панҷшерро рад кард


Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат. Акс аз бойгонӣ
Аҳмад Масъуд, раҳбари Ҷабҳаи муқовимат. Акс аз бойгонӣ

Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер хабари суқути ин вилоят ба дасти Толибонро рад кард.

Шаби 3-юми сентябр Толибон иддао карданд, ки вилояти Панҷшерро тасарруф кардаанд.

Аҳмад Масъуд, фармондеҳи Ҷабҳаи муқовимат дар саҳифаи Твитери худ навиштааст, ки “ин хабар дуруғ аст”. Ба қавли ӯ, ин хабарро матбуоти Покистон, ки аз Толибон ҷонибдорӣ мекунанд, бофтаанд.

“Суқути Панҷшер рӯзи охири ман хоҳад буд”,­--навиштааст ӯ.

Бисмиллоҳ Муҳаммадӣ, вазири пешини дифои Афғонистон низ дар саҳифаи Твитер тасарруфи Панҷшерро рад кардааст. Ба гуфтаи ӯ, чунин хабарҳо ба хотири шикасти рӯҳияи муборизон эҷод мешаванд.

Хабаргузории Ройтерз шаби 3-юми сентябр бо такя ба манобеи худ дар миёни мақомоти Толибон аз тасарруфи Панҷшер хабар дод, вале дертар аз қавли мақомоти Ҷабҳаи муқовимат гуфтаҳои Толибонро рад кард.

Ҷабҳаи муқовимат аз кушта шудани даҳҳо Толиб дар чанд соати охир хабар медиҳад. Толибон ҳанӯз расман хабарҳои талафоти шаби 3-юми сентябр дар Панҷшерро рад ё тасдиқ накардаанд.

Аз ин пеш, хабар нашр шуд, ки Амруллоҳ Солеҳ, муовини пешини президенти Афғонистон ба Тоҷикистон фирор кардааст. Ӯ дар наворе зоҳир шуд ва гуфт, ки дар Панҷшер қарор дорад. Ба гуфтаи Солеҳ, ҷангҳои шадид дар Панҷшер идома дорад ва ӯ то охирин лаҳза он ҷо мемонад.

Толибон, ки рӯзи 15-уми август бидуни ҷанг Кобулро ишғол карданд, дар як ҳафтаи охир барои тасарруфи Панҷшер вориди ҷанг шудаанд. Ҳарду ҷониб иддао доранд, ки ба ҳамдигар талафоти сангин ворид карданд.

Панҷшер ягона вилояти Афғонистон аст, ки аз ҷониби Толибон тасарруф нашудааст. Толибон рӯзи гузашта эълон карданд, ки музокира бо Ҷабҳаи муқовимат дар Панҷшер натиҷа надодааст ва онҳо бо роҳи ҷанг вилоятро тасарруф хоҳанд кард. Ба гуфтаи масъулони Ҷабҳаи муқовимат, як ҳафта боз ҷанг дар Панҷшер давом дорад ва Толибон барқу алоқа ба ин вилоятро қатъ кардаанд.

XS
SM
MD
LG