Дар нӯҳ моҳ маъракаи эмкунӣ дар сайёра тахминан 5 миллиард дона ваксинаи зидди COVID-19 дастрас шудааст.
Бар асоси иттилои пойгоҳи “Омори ҷаҳони мо” (Our World Data), то 23-юми август 4 миллиарду 93 миллион дона ваксинаи зидди коронавирус ба сокинони минтақаҳои гуногуни ҷаҳон дастрас шуд.
Ҳисоб шудааст, ки тахминан сӣ дарсади аҳолии сайёра як дафъа эм шуда, тахминан чаҳоряки аҳолии ҷаҳон ҳарду вояи ваксинаро гирифтаанд.
Аксар ваксинаҳо моякӯбии дудафъаинаро талаб мекунанд, вале бо паҳншаии босуръати навъи “Делта”-и коронавирус ва ҳам барои тақвияти таъсири ваксина ба бадани инсон баъзе кишварҳо ба эмкунии сеюмбора пардохтаанд.
Ин дар ҳолест, ки дастрасии кишварҳо ба ваксина вобаста ба сатҳи иҷтимоиву иқтисодияшон баробар нест. Дар ҳоле ки кишварҳои бо даромади баланд ва миёна ба ваксина дастрасии беҳтар доранд, дар кишварҳое бо даромади поин танҳо 1,4 дарсад ҳадди аққал як ваксинаро қабул кардаанд.
Вазъияти бадтарин дар қораи Африқо будааст. Дар он ҷо дар аксар кишварҳо мизони эмшавии аҳолӣ зери 1 дарсад буда, бархе ҳатто маъракаи эмкуниро оғоз накардаанд.
Мутахассисони Созмони Ҷаҳонии Тандурустӣ бовар доранд, дар сурати паҳншавии ҳарчи бештари ваксинаву эм шудани мардуми зиёд таъсири коронавирус поин омада пандемия ҳам аз байн хоҳад рафт.