Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толибон аз Русия хостаанд, дар гуфтушунид бо мухолифонашон миёнравӣ кунад


Тарафдорони Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон. Вилояти Панҷшер, 19-уми августи 2021
Тарафдорони Ҷабҳаи муқовимат бо Толибон. Вилояти Панҷшер, 19-уми августи 2021

Сафири Русия дар Афғонистон гуфтааст, раҳбарияти ҷунбиши "Толибон" барои музокирот бо Ҷабҳаи муқовимат ба раҳбарии Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳ Масъуд, омода ҳастанд. Худи "Толибон", ки ҳоло назорат бар Афғонистонро, ба ҷуз аз вилояти Панҷшер, ба даст овардааст, ҳанӯз дар мавриди Ҷабҳаи муқовимат ба зидди ин гурӯҳ расман вокуниш накардааст.

Дмитрий Жирнов дар барномаи "Соловев Live" гуфт, дар ин бора намояндагони "Толибон" 21-уми август ҳангоми боздид аз сафорати Русия дар Кобул хабар дода, аз онҳо хостаанд, паёмро ба Ҷабҳаи муқовимат бирасонанд. Ба қавли сафир, "исломгароён ба ҳалли сиёсии муносибатҳо бо намояндагони Панҷшер умед мебанданд".

Ҳамзамон дар шабакаҳои иҷтимоӣ наворе пайдо шуд, ки яке аз раҳбарони “Толибон”, Халил Ҳаққонӣ, мегӯяд, гуё Аҳмад Масъуд ба гурӯҳи онҳо пайвастааст. Ин маълумотро як манбаи хабаргузории рус ТАСС рад карда, айни замон гуфтааст, “раҳбари Ҷабҳаи муқовимат воқеан бо исломгароён музокира мекунад ва сухан дар бораи таъсиси ҳукумати фарогир ва рафъи зиддиятҳои сиёсӣ меравад”.

Хабарнигорони маҳаллӣ низ маълумотро дар бораи музокирот тасдиқ карда, аммо гуфтаанд, хабари байъати Аҳмад Масъуд ба “Толибон” ҳақиқат надорад.

"Толибон" пас аз тасарруфи 32 вилоят дар камтар аз як моҳи гузашта, рӯзи 15-уми август вориди Кобул шуданд ва идораи пойтахтро ба даст гирифтанд. Панҷшер ягона вилояте аст, ки "Толибон" то кунун нагирифтаанд.

Ба Ҷабҳаи муқовимат бо "Толибон", ки дар Панҷшер ташкил шудааст, Амруллоҳ Солеҳ, муовини аввали президенти Афғонистон, низ шомил аст. Ӯ пештар иддао карда буд, ки дар ҳоли ҳозир бар асоси қонун иҷрокунандаи вазифаи раиси ҷумҳурӣ аст.

Дархости "Толибон" аз Русия дар мавриди миёнравӣ барои гуфтушунид бо мухолифонашон дар ҳоле садо медиҳад, ки ҳафтаи гузашта Аҳмад Масъуд, писари Аҳмадшоҳи Масъуд, қаҳрамони миллии Афғонистон, хоҳони пуштибонӣ ва ёрии кишварҳои ғарбӣ шуда буд. Вай 18-уми август дар мақолае дар нашрияи амрикоии "Вашингтон Пост" бо ишора ба муборизаи падараш бо Толибон (1996-2001) гуфт, роҳи ӯро идома хоҳад дод.

Аҳмад Масъуд дар мақолааш мегӯяд, "Толибон" танҳо мушкили мардуми Афғонистон нест: "Назорати Толибон бар Афғонистон сабаб хоҳад шуд, то ин кишвар ба пойгоҳи асосии терроризми исломӣ мубаддал шавад ва тарҳи ҳамлаҳо бар демократия дар ҷаҳон бори дигар дар Афғонистони рехта шавад."

Писари Аҳмадшоҳи Масъуд, ки худро дар мақола "раҳбари Ҷабҳаи муқовимати миллии Афғонистон" муаррифӣ кардааст, ҳамчунон иддао карда, ки миллионҳо афғон ба "арзишҳои Ғарб бовар доранд". Ба гуфтаи ӯ, афғонҳо барои эҷоди як "ҷомеаи боз" муборизаи тӯлонӣ карданд, то дар он "духтарон битавонанд пизишк шаванду расонаҳо озодона гузориш диҳанд ва ҷавонон ба мусиқӣ гӯш диҳанд ва рақсу бозӣ кунанд..."

Ӯ дар мақолаи худ дар "Вашингтон Пост" ҳамчунин гуфтааст, барои муқобила бо "Толибон" захираҳои силоҳу муҳиммот дар Панҷшер вуҷуд дорад, ки ҳанӯз дар замони зинда будани падараш захира шуда буд, чун ба гуфтаи вай, интизори омадани чунин рӯзро доштанд. Аммо дар айни замон хоҳони ҳимояти кишварҳои ғарбӣ аз муқовимат бо "Толибон" шудааст.

Дар ҳоле Ҷабҳаи муқовимат алайҳи "Толибон" дар Афғонистон ташкил шудааст, ки Забеҳуллоҳ Муҷоҳид, яке аз сухангӯёни гурӯҳ, рӯзи 17-уми август дар нишасти нахустини хабариаш гуфт, "Толибон" дар талоши эҷоди як ҳукумати ҳамашумул аст, то тамоми афғонҳо намояндагони худро дар он бубинанд.

Бо назардошти чунин вазъият, эъломи "муқовимати муҷоҳидин" тавассути Масъуди 32-сола чӣ пайомадеро дар қибол хоҳад дошт? Идрис Раҳмонӣ, таҳлилгари масоили Афғонистон, рӯзи 19-уми август ба "Садои Амрико" гуфт, майдони набард ояндаи Аҳмад Масъудро рақам хоҳад зад, на эъломи муқовимат.

Ин таҳлилгар бо ишора ба хости Аҳмад Масъуд дар мавриди кумак ба муқовимат гуфт, фароҳамоварии ёрӣ, бахусус аз тарафи Иёлоти Муттаҳида, вобаста ба мавқеи ояндаи Амрико дар баробари Покистон аст: "Хеле вобаста ба ин аст, ки оё амрикоиҳо ба фикри интиқом аз Покистон хоҳанд шуд ё на? Агар фаразан ба фикри интиқом шаванд,​ аз Аҳмад Масъуд ҳимоят хоҳанд кард. Аммо агар ба фикри ин бошанд, ки чиниҳо ба дом биафтанд, мегузоранд Толибон реша бигиранд."

Аммо Неъматуллоҳ Илоҳӣ, таҳлилгари муқими Амрико, ба ин бовар аст, ки Аҳмад Масъуд пас аз хатми донишгоҳи низомӣ дар Бритониё вориди арсаи сиёсат шуда, мавриди ҳимояти мардумӣ аст. Илоҳӣ ба "Садои Амрико" гуфтааст, "ӯ тавонистааст бо қишрҳои гуногуни ҷомеа дар тамос бошад ва дарвоқеъ дар нуқтаи васли ҳамнаслони падараш ва ҳамнаслони худаш қарор дорад."

Аммо дар робита ба инки оё кишварҳо ба муқовимате, ки Аҳмад Масъуд онро эълом кардааст, кумак хоҳанд кард ё не, Илоҳӣ гуфт, "ин ёриҳо бастагӣ ба инкишофи вазъияти ҳозира дорад, ки оё Толибон меъёрҳои ҷаҳониро дар амал риоят мекунанд ё не? Робитаи худро бо шабакаҳои террористӣ қатъ мекунанд ё хайр? Агар Толибон эътимоду истиқболи ҷаҳониро ба даст наоранд, муқовимат дигар мавриди ҳимоят қарор хоҳад гирифт."

XS
SM
MD
LG