Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таксирони шабкор. Чаро Солеҳа дар мошин зиндагӣ мекунад? ВИДЕО


Kirgiz taxi driver

Сокини Бишкек Нурулло Муҳаммадҷонов ронандаи таксӣ аст. Як моҳ пеш ҳамсараш пас аз даҳ рӯзи таваллуд кардани кӯдакаш даргузашт. Навзодро ҳоло хешовандони ӯ нигоҳубин мекунанд. Аммо духтарчаи дигараш, Солеҳа бо ӯст ва Нурулло маҷбур аст, вақти кор Солеҳаро бо худ гирад, чун ӯро танҳо гузошта наметавонад. Солеҳа дар дохили мошин хоб меравад.

Падар мегӯяд, духтараш бо ин ҳол одат кард. "Ӯ мефаҳмад, ки вақте рӯз торик мешавад, ман бояд корро сар кунам. Кӯдаки бечора мегӯяд, падарҷон офтоб хоб рафт ба кор меравем? Вақте субҳ офтоб медамад, ӯ соатҳои 7-8 бедор мешавад ва мегӯяд, падар офтоб бедор шуд, рафтем хона."

Нурулло маҷбур аст шабона таксиронӣ кунад, чунки рӯзона дохили мошин барои духтараш хеле гарм мешавад. Ӯ барои духатараш дар курсии пеши мошин як ҷойи хоб дуруст кардааст. Вале иқрор мекунад, ки ин зидди қоидаҳои ҳаракат дар роҳ аст.

Нурулло наметавонад ба кор набарояд, зеро парастории ду кӯдак бар дӯши ӯст. Бар замми ин бояд пули иҷораи мошин ва хонаро низ диҳад.

"Гоҳе ӯ инҷиқӣ мекунад, ман мегӯям, ки духтарам, ин хел мумкин нест, кор бояд кард, барои хоҳарчаат бояд шир харем. Ӯ инро мефаҳмад ва розист. Боз мегӯяд, мо бояд хона харем. Аллакай мисли калонсолҳо фикр мекунад," -- мегӯяд падар.

Ба Нурулло муяссар нашуд, ки Солеҳаро ба боғчаи давлатӣ диҳад, аммо барои боғчаи хусусӣ пули кофӣ надорад.

«Барои боғчаи давлатӣ бояд навбатпоӣ кард. Наметавонем, қоидаро варон кунем мо танҳо нестем-ку. Ман мефаҳмам, ки ман танҳо нестам аммо одамоне ки дар навбат ҳастанд ҳолашон мисли ман нест-ку? Онҳо метавонистанд бо дарки вазъият ба ман ёрӣ диҳанд."


Дар идораи маорифи Бишкек мегӯянд, навбатпоӣ барои боғчаи бачагон онлайнӣ аст. Бо вуҷуди он ки Нурулло дар гуруҳи имтиёздорон аст, пеш аз духатри ӯ 17 нафари дигар дар навбатанд. Масъулон барои қабули Солеҳа дар боғча роҳхат доданд, аммо ҳамазамон як боғчаи хусусӣ ҳам ҳозир шуд, ӯро бипазирад. Нурулло Солеҳаро ҳоло ба он ҷо надодааст, масъалаи санадҳо дар ҳоли ҳал шудан аст. Динора Урматова масъули Маркази таълимии ноҳияи Свердлов мегӯяд, бисёре аз волидон як сол пеш аз боғчаравии тифлонашон барои онҳо навбат мегиранд.

“Ӯ омаду гуфт, ки аз 2-уми август мо зуд кӯдаки ӯро бипазирем. Аммо ин хел намешавад мефаҳмед? Ӯ дар гуруҳи имтиёздорон ҳаст, аммо ин ба маъное нест, ки зуд бояд қабул шавад. Навбат ҳаст, cистема кор мекунад, ин ҷо иштибоҳе нест."

Ба ақидаи Нозгул Турдубекова, роҳбари фонди ҷамъиятии «Иттиҳоди ҳимояи ҳуқуқи кӯдак» мушкили сабти номи кӯдакон дар боғчаҳо чизи нав нест. Аммо ба гуфтаи ӯ, шаҳрдории Бишкек дар ин робита барномае надорад, боғчаҳои нав сохта намешаванд, биноҳои куҳна таъмир нашудаанд. Аммо шумораи кӯдакон ҳар сол бинбар муҳоҷирати дохилӣ меафзояд.

«Навбатпоии онлайнӣ худ ба худ мушкили боғчаҳоро ҳал намекунад, чунки шаҳри Бишкек танҳо 30 дарсади кӯдаконро метавонад дар боғчаҳо фаро гирад. Магар бо ин ҳол мо метавонем гуем, ки навбатпоии онлайнӣ метавонад мушкили ҳам ниёзмандонро ҳал кунад?» -- Мегӯяд Нозгул.

Мушкили дигар ба гуфтаи Турдубекова дар он аст, ки бисёре аз боғчаҳо ғасб шудаанд. Агар дар даврони Шӯравӣ барои ин биноҳои махсус сохта мешуданд, пас аз фурӯпошӣ бисёре аз биноҳои боғчаҳо таъйиноти дигар гирифтаанд. Дар даврони шӯравӣ ин биноҳоро ҳамчун боғча сохта буданд, ҳоло идораи мақомоти давлатӣ шудааст.

XS
SM
MD
LG