Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷасади халабонеро, ки "дар баландии 5 ҳазор метр монда буд", дар Душанбе дафн карданд


Сергей Тютин
Сергей Тютин

Ҷасади халабон Сергей Тютинро, ки ҳангоми садамаи чархбол дар ноҳияи Ванҷи Бадахшон, дар баландии ба гуфтаи мақомот панҷ ҳазор метр "банд монда буд", ба Душанбе оварда, 19-уми август дар оромгоҳи масеҳиён дафн карданд.

Садамаи чархболи мутааллиқ ба нирӯҳои марзбонии Тоҷикистон 4-уми августи имсол дар ҳудуди пиряхи Хирсон рӯй дод. Мақомот гуфтанд, чаҳор нафари захмиро барвақт ба Душанбе оварда буданд, вале ҷустуҷӯи ҷасади халабон ду ҳафта идома кард.

Акмал Усмонов, ҳамкори Сергей Тютин, аз Маскав барои видоъ бо дӯсташ ба Душанбе омадааст. Ӯ гуфт, ҳунари Тютин ҳамчун халабони чархбол дар кишварҳои минтақа ва Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил "беҳамто буд".

"Корҳоеро анҷом медод, ки ба назар афсона менамуданд. Вай дар кишварҳои кӯҳистонии минтақа, аз ҷумла Афғонистону Покистон, низ халабонӣ мекард", -- нақл кард ӯ 19-уми август.

Дар маросими видоъ ва дафни Сергей Тютин гуруҳе аз наздикону ҳамкорон ва намояндагони сохторҳои давлатии Тоҷикистон ҳузур дошта, дар ҳаққи ӯ суханҳои нек гуфтанд.

Рустам Ғиёсов, дӯсти хонаводагии Сергей Тютин, бештар аз сифатҳои инсонии рафиқаш ситоиш кард: "Инсони самимӣ ва ҳимматбаланде буд. Ҳама дӯсташ медоштанд. Фарзандони хуберо тарбият кард, ки аз пайи касби падар рафтанд. Худаш ҳар лаҳза барои анҷоми парвоз омода буд."

Ба иттилои Ғиёсов, ҳоло як писари Сергей Тютин ба ҳайси ҳавонавард дар ширкати "Аэрофлот"-и Русия кор мекунад.

Маросими видоъ ва дафни Сергей Тютин дар Душанбе, 19-уми августи 2021
Маросими видоъ ва дафни Сергей Тютин дар Душанбе, 19-уми августи 2021

Аммо чизе, ки дар ин маросим ва дар иттилоияҳои расмӣ гуфта нашуд, ин аст, ки ду ҳафта қабл дар маҳалли пиряхи Хирсон чӣ иттифоқ рӯй дод? Чаро чархбол аз радар нопадид шуд ва сипас дар баландии панҷ ҳазор метр аз сатҳи баҳр нишасти изтирорӣ анҷом дод? Оё мушкили фаннӣ пеш омада буд, обу ҳаво ё чизи дигар?

Мақомот пас аз як рӯзи ҳодиса рӯй додани садамаро тасдиқ карда, танҳо гуфтанд, ки Сергей Тютин ва чаҳор нафари дигар он рӯз барои наҷоти ҷаҳонгардони рус ба кӯҳҳои Бадахшон мерафтанд. Ин сайёҳон ҳангоми фатҳи қуллаи Федченко дучори мушкил шуда буданд.

Ба иттилои мақомот, даҳ нафар – 6 сайёҳи рус, 2 халабони захмӣ ва 2 корманди ширкати сайёҳии “Помир-Пик”-ро рӯзи 6-уми август бо ёрии чархболи МИ-8-и нерӯҳои марзбонии Тоҷикистон ба Душанбе оварда буданд.

Бори аввал нест, ки дар минтақаҳои кӯҳии Тоҷикистон чархболҳо мефтанд.

Моҳи августи соли 2018 чархболи ҳомили 15 кӯҳнаварди хориҷӣ ва се сарнишини тоҷик дар поёноби пиряхи Фортамбек, дар ноҳияи Лахш, ба садама дучор шуд. Дар натиҷа се кӯҳнавард ва ду сарнишини тоҷик ҷон бохтанд. Ин гуруҳ узви ҳайате буданд, ки барои фатҳи қуллаи "Исмоили Сомонӣ" дар Тоҷикистон қарор доштанд.

XS
SM
MD
LG