Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Душанбеву Маскав аз "таъсир"-и нооромиҳои Афғонистон ба амнияти минтақа


Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин
Эмомалӣ Раҳмон ва Владимир Путин

Эмомалӣ Раҳмон, раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Владимир Путин, президенти Русия рӯзи 18-уми август дар суҳбати телефонӣ аз вазъ дар Афғонистон нигаронӣ кардаанд.

Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, раҳбарони ду кишвар гуфтаанд, идомаи нооромиҳо дар Афғонистон метавонад, ба амнияти минтақаӣ таъсир расонад. Аз ин рӯ, ҷонибҳо ба ҳамоҳангӣ барои ҳифзи марзи Тоҷикистону Афғонистон ва низ мусоидат ба раванди ҳаллу фасли сулҳомези қазияи Афғонистон таъкид кардаанд.

Душанбеву Маскав ба созиш расидаанд, ки ба тамосҳои доимии худ аз тариқи созмонҳои марбути Русияву Тоҷикистон идома диҳанд. Тоҷикистону Русия узви созмонҳое чун Паймони Амнияти Дастҷамъӣ ва Созмони Ҳамкориҳои Шанхай мебошанд.

Тоҷикистон бо Афғонистон марзи муштарак дорад ва Русия барои муқобила бо ҳамлаи эҳтимолии гурӯҳҳои тундрав аз Афғонистон ба Тоҷикистон ёрӣ мекунад ва пойгоҳи низомии 201-Русия дар Душанбе низ ба ин ҳадаф аз сӯи Маскав тақавият шудааст.

Нигарониҳои сарони Тоҷикистону Русия аз вазъи Афғонистон дар ҳолест, ки охири ҳафтаи гузашта гурӯҳи Толибон вориди пойтахти он кишвар - шаҳри Кобул шуданд. Чанд соат пеш аз вуруди Толибон, президенти он кишвар Ашраф Ғанӣ фирор кард ва нерӯҳои амниятӣ ба мухолифони мусаллаҳи худ таслим шуданд.

Дар бештар аз ду моҳи охир ҳузури Толибон дар марзи Афғонистон бо Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Толибон даҳҳо ноҳияи ҳаммарз бо Тоҷикистонро тасарруф карданд. Дар ин муддат беш аз ҳазор низомии афғонистонӣ зери фишори Толибон ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карданд.

Мақомоти тоҷик мегӯянд, беш аз 900 километри хатти марзи Афғонистон бо Тоҷикистон зери назорати Толибон қарор дорад ва эҳтимол паноҳҷӯёни бештаре вориди ин кишвар шаванд.

XS
SM
MD
LG