Лоиқ Раҷабов, варзишгари шинохтаи тоҷик, ки дар мусобиқаи Лигаи касбии муҳорибаҳои омехта ё PFL (Professional fight league) Алекс Мартинесро аз Парагвай шикаст дод, ба даври ниҳоии мусобиқа роҳ ёфт.
Сабқати Раҷабов бо Мартинес шоми 13-уми август дар Амрико баргузор шуд. Варзишгари тоҷик бо тасмими якдилонаи доварон бо натиҷаи 30-27, 30-27 ва 29-28 ғолиб омад.
Бо ин ғалаба Лоиқ Раҷабов дар вазни сабук (70 кило) ба даври ниҳоии мусобиқаи PFL роҳ ёфт ва имкон пайдо кард, барои як миллион доллар муборизаро давом диҳад.
Ин размкори тоҷик дар даври аввали мусобиқаи имсолаи PFL моҳи апрел дар Ocean Casino Resort бо Алекс Мартинес рақобат карда буд. Қувваозмоӣ ҷолибу пуршиддат сурат гирифт. Лоиқ Раҷабов, ки хеле фаъол буд, маҳорати хуб нишон дод. Рақибаш низ чолокона ҳунарнамоӣ кард ва аслан бо пой зарбаҳои сахт мезад. Доварон ғалабаро ба Мартинес доданд. Раҷабов тасмими ҳакамонро ноодилона хонд ва аз натиҷаи қувваозмоӣ ба PFL эътирознома навишт.
Ҳамин тавр, размкори тоҷик ин дафъа барои бохти пешин аз рақибаш интиқом гирифт. Ҳамакнун Лоиқ Раҷабов дар финал бо Рауш Манфио аз Бразилия 28-уми октябри имсол дар Ҳолливуд барои ҷоиза ба маблағи 1 миллион доллар рақобат хоҳад кард.
Лоиқ Раҷабов соли 2019 баъд аз якчанд пирӯзӣ ба даври ниҳоии PFL, ки дар шаҳри Ню-Йорк баргузор шуд, роҳ пайдо кард. Вале ӯ дар финал дар панҷ раунди панҷдақиқаӣ аз Натан Шулт, варзишгари бразилӣ, шикаст хӯрд.
Соли гузашта бидуни рақобат монд, зеро PFL ба иллати пандемияи коронавирус мусобиқа баргузор накард.
Лоиқ Раҷабови 30-сола, ки қадаш 1 метру 75 сантиметр, вазнаш 70 кило аст, дар мусобиқот бо тахаллуси "Jaguar Paw” ширкат мекунад. Вай 19 рақобат анҷом дода, 15 дафъа дастболо шудааст ва дар се қувваозмоӣ шикаст хӯрдаву якеро бо натиҷаи мусовӣ анҷом додааст.
Лоиқ Раҷабов соли 2019 ба рӯйхати 10 размкори беҳтарини ММА аз кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, ки онро нашрияи "ТурСтат"-и Русия аз рӯи натиҷагирии пурсиши интернетии алоқамандони муҳорибаҳои омехта тартиб дод, дохил шудааст.
Ҳолномаи Лоиқ Раҷабов: