Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

84 кас аз Афғонистон ба Узбекистон гузаштаанд


Пули Ҳайратон, марзи Узбекистон ва Афғонистон
Пули Ҳайратон, марзи Узбекистон ва Афғонистон

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон рӯзи 15-уми август дар эъломияе гуфт, ки шаби гузашта 84 кас, аз ҷумла се захмӣ, аз Афғонистон ба қаламрави ин кишвари Осиёи Марказӣ гузаштаанд.

Дар эъломия аз касе, аз ҷумла маршал Абдурашид Дӯстум ва фармондеҳу волии пешини Балх Ато Муҳаммади Нур ҳеч ишора нарафтааст.

Бино ба баъзе гузоришҳо, онҳо рӯзи гузашта дар пайи вожгун шудани Мазори Шариф, маркази вилояти Балх, ба шаҳри Тирмизи Узбекистон фирор кардаанд. Хабар расман тасдиқ ё инкор нашудааст. Ато Муҳаммади Нур шаби 14-уми август дар паёме дар Фейсбук ва Твиттер гуфт, ӯ ва Дӯстум дар ҷойи амн ҳастанд, аммо аз ҳеч маконе ном набурд.

Вазорати корҳои хориҷии Узбекистон мегӯяд, "14-уми август дар яке аз қитъаҳои сарҳади давлатӣ бо Афғонистон як гурӯҳ аз хидматчиёни қувваҳои мусаллаҳи кишвари ҳамсоя марзро гузашта, боздошт шуданд. Сарҳадшиканҳо муқовимат нишон надода, кумак хостанд, аз ҷумла ёрии тиббӣ ба се захмӣ."

Ба иттилои манбаъ, пас аз андешидани чораҳои беҳдоштӣ ба баъзеи онҳо ёрии тиббӣ расонда шуда, "инчунин, бо хӯрок ва сарпаноҳи муваққатӣ таъмин гардиданд. Ҳамзамон дар пули Тирмиз-Ҳайратон (тарафи Афғонистон) шумори зиёди нерӯҳои давлатии Афғонистон ҷамъ шудаанд. Барои расондани кумаки башардӯстона ба ин афрод чораҳо андешида мешаванд."

Вале Вазорати умури хориҷии Узбекистон дертар дар изҳороти дувумаш хабар дод, ки афроди ҷамъшуда то соати даҳи 15-уми август ихтиёрӣ пароканда шудаанд.

Мақомоти Узбекистон гуфтаанд, ҳоло бо ҷониби Афғонистон дар бораи бозпас фиристодани шаҳрвандонашон ба ватан ва ҳалли вазъ дар пули Тирмиз-Ҳайратон музокира доранд.

Пештар дар пайи задухӯрдҳо дар минтақаҳои наздимарзии Афғонистон бо Тоҷикистон садҳо сарбозу афсари афғонистонӣ ба Тоҷикистон ақибнишинӣ карда, садҳо сокини одӣ паноҳгоҳ хоста буданд. Мақомот мегӯянд, низомиёнро ба Кобул фиристоданд, вале гуруҳе аз паноҳҷӯёни афғонро дар минтақаҳои наздисарҳадӣ нигоҳ медоранд.

XS
SM
MD
LG