Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ба Тоҷикистон 50 ҳазор воя "Спутник V" тақдим кард


Акс аз бойгонӣ
Акс аз бойгонӣ

Субҳи 13-уми август Русия ба ҳайси ёрии башарӣ ба Тоҷикистон 50 ҳазор воя ва ё дозаи ваксинаи зидди коронавирус - "Спутник V"-ро ирсол намудааст. Дар ин бора хадамоти матбуоти вазорати тандурустии Тоҷикистон ба расонаҳо хабар додааст.

Аввали ин ҳафта Олмон ба Тоҷикистон беш аз 100 ҳазор воя ваксинаи AstraZeneca ваъда кард. Феълан сокинони Тоҷикистон со ваксинаҳои британиявиву шведии AstraZeneca, ваксинаи чинии "Короновак" ва ваксинаи амрикоии "Модерна" моякӯбӣ мешаванд.

Тибқи омори вазорати тандурустии Тоҷикистон, то 11-уми август дар ин ҷумҳурӣ беш аз як миллиону 541 ҳазор нафар ҳадди ақалл як дафъа моякӯбӣ шуда, беш аз 130 ҳазор нафар ду дафъа ваксина гирифтаанд. Моҳи гузашта дар Тоҷикистон барои ҳар фарди аз 18-сола боло гирифтани ваксинаи зидди коронавирус ҳатмӣ шуд.

XS
SM
MD
LG