Ба даҳҳо сокини Панҷакент, ки рӯзи 4-уми август дар назди бинои ҳукумати шаҳр ҷамъ омада буданд, иҷозаи гузаштан аз сарҳад бо Узбекистонро додаанд.
Ин гуруҳи мардум шикоят доштанд, ки бояд тавассути Узбекистон ба Русия бираванд, аммо шаби 3-юми август ба таври ногаҳонӣ гузаргоҳи "Саразм" (байни Панҷакенту Самарқанд) баста шудааст. Онҳо аз эҳтимоли "сӯхтан"-и билеташон нигарон буданд.
Мақомот далели баста будани гузаргоҳро нагуфтанд, вале рӯзи 5-уми август хабар доданд, ки "мушкили сокинон ҳал шуд". Дар ҳукумати Панҷакент ба Радиои Озодӣ гуфтанд, шахсоне, ки дар даст билет доштанд, ба хотири насӯхтани пулашон тавассути гузаргоҳи "Саразм" ба Узбекистон рафтанд.
Аммо пайвандони баъзе аз онҳо мегӯянд, "масъалаи насӯхтани пули билет шарҳи ноҷои мақомот аст". Дар асл, ба иддаои онҳо, сафари наздиконашон баъд аз "ҳақситонӣ" дар гузаргоҳ имконпазир шудааст. Мақомоти нерӯҳои марзбонӣ расман ба чунин иддаоҳо дар чанд ҳафтаи охир расман ҷавоб нагуфтаанд.
Вақте бо мақомоти Панҷакент, аз ҷумла бо раиси шаҳр ва муовини аввалу намояндаҳои дигар дар тамос шудем, гуфтанд, "масъала ба онҳо иртибот надорад". Афзалшо Дӯстзода, як масъули ҳукумати Панҷакент, 5-уми август ба Радиои Озодӣ гуфт, "барои рӯшанӣ бахшидан ба ин масъала ба марказ ва ба мақомоти Қӯшунҳои сарҳадӣ тамос гиред."
Талошҳои мо барои фаҳмидани асли қазия аз мақомоти марзбонӣ то ин дам бенатиҷа буд. Пештар мақомоти Оҷонси зиддифасод дар вилояти Суғд гуфтанд, ки як гуруҳ масъалаи "ҳақситонӣ" дар гузаргоҳҳои сарҳадӣ бо Узбекистонро таҳқиқ мекунад, вале расман касе шикояту даъвое накардааст.
Дар ҳамин ҳол, баъзе аз корбарон бо фиристодани акс аз гузаргоҳи "Саразм" гуфтанд, ҳанӯз ҳам гуруҳе аз шаҳрвандон дар онҷо мунтазир истодаанд. Мақомот мегӯянд, танҳо ба шахсоне, ки билети сафар доштанд, иҷозаи гузаштан аз сарҳадро доданд.
Пас аз баста шудани роҳҳои Қирғизистон, муҳоҷирон асосан тавассути Узбекистон ба Русия мераванд. Онҳо мегӯянд, билети сафар тавассути кишвари ҳамсоя дар муқоиса ба билети парвоз аз Тоҷикистон арзонтар аст.
Садҳо нафар рӯзи 28-уми июл дар гузаргоҳи дигари марзии Тоҷикистону Узбекистон – “Фотеҳобод” (Ойбек) – низ ҷамъ омада, хоҳони гузаштан аз сарҳад шуданд. Мақомот ба сокинон гуфтаанд, сарҳад бастаасту барои гузаштан аз он иҷоза ё даъвати расмӣ аз Узбекистон зарур аст. Ин дар ҳолест, ки ба иддаои баъзе аз хоҳишмандони убури сарҳад, "то кунун гуруҳе бидуни ҳеч санад аз марз гузаштанд".
Бо оғози ҳамагирии коронавируси нав дар моҳи марти соли гузашта Узбекистону Тоҷикистон марзҳои худро бастанд. Бо коҳиши беморӣ борҳо аз эҳтимоли боз шудани марзҳо сухан рафт, аммо масъала ҳал нашуд. Рӯзи 11-уми июни имсол дар Хуҷанд низ раҳбарони ду кишвар дар ин бора ба таври рӯшан чизе нагуфтанд. Роҳи ҳавоӣ байни ду кишвар боз аст.