Сомонаи Apple Developer рӯзи 3-юми август навишт, дар ҳоле ки дар қитъаҳои дигари олам арзиши хидматрасониву маҳсулоти ширкати Apple поин меравад, дар Гурҷистону Тоҷикистон рӯ ба болост. Сабаби афзоиши нархро ба гаронии андоз ё молиёт дар ин ду кишвар рабт доданд.
Дар изҳороти ширкат, ки бо телефонҳои ҳушманду планшет ва компютерҳояш машҳур аст, омадааст, нархи хидматрасонӣ дар Африқои Ҷанубӣ, Бритониё ва кишварҳои ҳавзаи пулии евро коҳиш меёбад.
Айни замон, ба иттилои ширкат, дар Гурҷистон ва Тоҷикистон бо сабаби 18 дарсад таъин шудани андоз аз арзиши изофашуда (НДС), хадамот гаронтар аст. Мутобиқ ба ин, баробари нав кардани хадамоти дастгоҳи Apple, арзиши хидматрасонӣ ҳам бо нархҳои нав пешниҳод мешавад.
Зимнан, мавзӯи молиётсупории ширкати амрикоии Apple дар нишасти матбуотии раиси Кумитаи андози Тоҷикистон ҳам садо дод.
Нусратулло Давлатзода дар нишасти хабарии 30-юми июл гуфт, аз моҳи январи имсол “18 ширкати хориҷӣ дар шакли электронӣ сабт шуданд”.
Ба гуфтаи ӯ, аз ҳисоби онҳо дар шаш моҳи аввали имсол ба буҷаи Тоҷикистон 391 ҳазор сомонӣ ворид гардид. Давлатзода ба унвони мисол аз ширкати Google, Apple ва Amazon ёдовар шуд ва гуфт, “аввалин ширкате, ки (андозро) пардохт кард, Apple буд. Бовар дорем, ширкатҳои дигар низ пардохт мекунанд”.
То кунун Facebook ва ширкатҳои мухобиротии Doodle inc, Novatech IT ltd ва Xsolla-и Амрико низ худро дар Кумитаи андози Тоҷикистон сабт кардаанд. Меъёри андоз аз арзиши изофашуда, ки ин ширкатҳо бояд ба Тоҷикистон диҳанд, феълан 18 дарсад аст.